Таъмири теппаи “Қӯрғон” то ҳол оғоз нашудааст. Раиси КҲФ аз ин теппаи садамавӣ боздид кард

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳамроҳи Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон аз теппаи “Қӯрғон”-и шаҳри Бохтар, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, дидан кардааст.  Ду масъули давлатӣ аз бинои собиқи осорхонаи “Бибихонум”-ро, ки дар болои теппа сохта шудааст, дидан карда, масъалаи таъмири онро баррасӣ кардаанд. Бояд гуфт, ки атрофи осорхона тайи чанд соли […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳамроҳи Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон аз теппаи “Қӯрғон”-и шаҳри Бохтар, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, дидан кардааст. 

Ду масъули давлатӣ аз бинои собиқи осорхонаи “Бибихонум”-ро, ки дар болои теппа сохта шудааст, дидан карда, масъалаи таъмири онро баррасӣ кардаанд.

Бояд гуфт, ки атрофи осорхона тайи чанд соли охир фуру рафта, худи осорхона ба хотири бехатарӣ ба тагхонаи бинои Қасри фарҳанги шаҳр кӯчонида шудааст.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ гуфтааст, ки мутахассисони КҲФ ба ин теппа сафарбар шуда, ба ҳолати садаманокии он баҳо хоҳанд дод.

Раиси вилоят ба масъулини шаҳри Бохтар супориш додааст, ки барои безарар фаромадани оби борон аз болопуши осорхона қубурҳои махсус гузоранд, то вазъ аз ин бадтар нашавад.

“Дар вақташ агар ба ин аҳамият медоданду қубур монда, обро безарар мефароварданд, шояд имрӯз ин бино ба ин ҳол намерасид”,- гуфтааст Давлаталӣ Саид.

Бояд гуфт, ки Давлаталӣ Саид баъди ба ҳайси раиси вилояти Хатлон таъин шуданаш дастур дода буд, ки лоиҳаи азнавсозии тепаи “Қӯрғон”-ро омода карда, пешниҳод намоянд.

Барои сохтмону азнавсозии ин мавзеъ аз буҷети вилоят маблағ ҷудо шуда буд, вале баъди таъсиси Агентии ҳифзи ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ тепаи “Қӯрғон” ба тавозуни ин Агентӣ гузашт ва ҳамин тариқ таъмиру азнавсозии теппа мавқуф гузошта шуд.

Раиси вилоят ба масъулин супориш додааст, ки дар ҳамкори бо ин Агентӣ масъалаи таъмиру тармими тепарро баррасӣ кунанд.

Давлаталӣ Саид зимни нишасти матбуотии охираш низ ба ин мавзуъ дахл карда гуфта буд, ки тепаи “Қӯрғон” яке аз рамзҳои асосии шаҳри Бохтар ба ҳисоб меравад ва барои ободонии он ҳама кушишро ба харҷ медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио