Тафсилоти ҳодисаи кордзании духтарчаи 8-сола аз ҷониби як мард дар Панҷакент

Милитсияи Суғд тафсилоти кордзании мардеро, ошкор кардааст, ки дар натиҷа, ноболиғи 8-сола захмӣ шуд. Гап сари марде меравад, ки навори ба шиками як духтарча бо корд задани ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва боиси вокуниши зиёди корбарон гардида буд. Ин ҳодиса рӯзи 16-уми феврал дар дохили бозори марказии шаҳри Панҷакент рух дода буд. Мақомот аз гумонбар […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Милитсияи Суғд тафсилоти кордзании мардеро, ошкор кардааст, ки дар натиҷа, ноболиғи 8-сола захмӣ шуд. Гап сари марде меравад, ки навори ба шиками як духтарча бо корд задани ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва боиси вокуниши зиёди корбарон гардида буд. Ин ҳодиса рӯзи 16-уми феврал дар дохили бозори марказии шаҳри Панҷакент рух дода буд.

Мақомот аз гумонбар Ҷамшед Бобомуллоев ном бурда гуфтааст, ки “дар ҷинояти содиршуда хислати бераҳмӣ ва бадбинӣ нисбати ҷамъият ва ҳаёти инсон ҷой дорад”

“Даруни бозор даромадам, корд гирифтам як духтарча аз пешам мегузашт дар назарам шум тофт задаму гузаштам”,-гуфтааст гумонбар.

Гуфта мешавад, ки ҳоло вазъи саломатии духтарбача хуб аст. То ҳол  назари волидайни ин духтар нисбат ба ин ҳодиса маълум нест.

Ба иттилои мақомот Ҷамшед Бобомуллоев қаблан дар соли 2009 барои содир кардани ҷиноятҳои ахлоқӣ бо моддаҳои 138 ва 139 ва барои таҳдид ба куштор бо моддаи 120-и Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст.

Номбурда моҳи октябри соли 2024 баъди адои ҷазо аз муассисаи ислоҳӣ озод шудааст. Мақомот мегӯяд, ки гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ёдрас мешавем, ки Вазорати корҳои дохилаи кишвар қаблан иттилоъ дода буд, ки алайҳи Ҷамшед Бобомуллоев бо ду иттиҳом – сӯиқасд ба куштор (моддаи 32, қисми 3) ва одамкушӣ (моддаи 104, қисми 2) парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ кардааст.

Қаблан дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки гумонбаршаванда сокини ҷамоати Шинги Панҷакент буда, ҳангоми ҳодиса дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Дар ин шуъба гуфта буданд, ки духтарча баъди корд хӯрдан ба беморхона интиқол ёфта, рӯзи 18-уми феврал аз бемористон рухсат шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.