Роҳи Душанбе-Чаноқ дубора боз шуд, вале хатари тармафароӣ боқӣ мондааст

Роҳи Душанбе-Чаноқ баъди чанд соати баста шудан дигарбора барои ҳаракати мошинҳо аз ҳарду самт боз шудааст. Вале хатари фаромадани тарма то ҳол боқӣ мондааст. Дар ин бора ширкати “IRS”, масъули нигоҳубини ин роҳ хабар медиҳад.    Вале ба гуфтаи ин ширкат, танҳо баъди чанд дақиқаи иҷозат додани ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ боз 4 тармаи хурду […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Роҳи Душанбе-Чаноқ баъди чанд соати баста шудан дигарбора барои ҳаракати мошинҳо аз ҳарду самт боз шудааст. Вале хатари фаромадани тарма то ҳол боқӣ мондааст. Дар ин бора ширкати “IRS”, масъули нигоҳубини ин роҳ хабар медиҳад.   

Вале ба гуфтаи ин ширкат, танҳо баъди чанд дақиқаи иҷозат додани ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ боз 4 тармаи хурду миёна фаромад, ки кормандони он бартараф кардаанд. 

“Ҳоло ҳаракати нақлиёт ба ҳарду самт оғоз гардид. Ҳамзамон, ҳушдор медиҳем, ки ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд, зеро хавфи тармафароӣ ҳоло ҳам мавҷуд аст”, – омадааст дар хабар.

Чанд соат қабл, ширкати IRS гуфта буд, ки шаби 2 ба 3-юми март дар ин масир  13 тармаи хурду калон фаромада, боиси баста шудани роҳ гардид. Дар натиҷа 7 мошин зери тарма мондааст.

“Бо кӯмаки кормандони мо 7 мошин аз тарма раҳо гардид, хушбахтона,  талафоти ҷонӣ нест. Ҷоиз ба зикр аст,  ки баландии барф дар баъзе қитъаҳои роҳи мазкур ба 60 сантиметр расидааст”, – хабар дода буд ин ширкат.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 26-уми феврал дар километри 80-уми роҳи Душанбе-Чаноқ як мошини тамғаи “Mercedes Benz” зери тарма монда, дар натиҷа ронанда фавтида буд. Ҷасади ронанда як рӯз баъд, 27-уми феврал аз дохили мошин берун оварда шуд.

Гуфта мешавад, ки ронандаи мошин Шӯҳрат Муминов, сокини 38-солаи деҳаи Дурманбулоқи ноҳияи Варзоб буда дар воситаи нақлиёт танҳо будааст.

Бояд гуфт, роҳи Душанбе-Чаноқ ягона масир аст, ки маркази кишварро бо шимоли он мепайвандад. Ин роҳи кӯҳӣ буда, ҳамасола дар натиҷаи боришоти зиёди барф ва фаромадани тарма соатҳо ва ҳатто рӯзҳо баста шуда, дар баъзе ҳолатҳо фаромадани тарма боиси марги ронандаҳо ва мусофирон мешавад. Масъули нигоҳубини ин роҳ ширкати “IRS” буда, бар ивази нигоҳубини роҳ аз ҳар як мошин маблағи муайян меситонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио