Дар фурудгоҳи Душанбе бо муҳоҷирон доир ба терроризму ифротгароӣ суҳбат гузаронида шуд

Date:

Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе бо муҳоҷирони корие, ки ба Русия сафар доштанд, доир ба мавзӯи терроризму ифротгароӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

Тавре ки Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар рафти вохӯрӣ байни намояндагони хадамоти гумрук, мақомоти додситонӣ, хадамоти марзбонӣ, хадамоти амнияти фурудгоҳ ва муҳоҷирон мавзӯъҳои муҳим, аз ҷумла донистани забони русӣ, мақсади сафари муҳоҷирон ба Русия ва мавҷудияти ҷойи кору истиқомати муваққатӣ баррасӣ шуданд.

“Ҳамзамон масъулин муҳоҷиронро аз хатарҳои терроризм ва экстремизм огоҳ намуда, онҳоро ба ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ даъват карданд, – омадааст дар хабар. – Зикр гардид, ки гурӯҳҳои ифротӣ бо мақсади ноором сохтани давлатҳо ва ангехтани низоъҳои мазҳабӣ фаъолият мебаранд, ки ин таҳдидро набояд нодида гирифт”.

Ба иттилои манбаъ, зикр шуд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар мубориза бо терроризм ва экстремизм саҳм гузорад, зиракии сиёсиро нигоҳ дорад ва барои таъмини амнияти миллӣ талош варзад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба ҷавонон тавсия дода шуд, ки аз ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ худдорӣ кунанд ва ҳангоми истифодаи интернет эҳтиёткор бошанд, то маводи марбут ба ташкилотҳои мамнуъро мутолиа ва паҳн насозанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар фарҷом масъулин ба саволҳои мусофирон посух дода, онҳоро барои риояи қонунҳои кишвари худ ва кишварҳои мизбон ҳидоят намуданд.

Қобили зикр аст, ки қаблан низ дар фурудгоҳҳо барои муҳоҷироне, ки ба хона бармегаштанд ё ба кишварҳои дигар азми сафар доштанд, машваратҳо дода мешуд. Машваратҳо ба масоили марбут ба будубош, анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо ва тавсияҳои ҳуқуқӣ дахл доштанд.

Дар пайи манъи вуруд ва ихроҷи садҳо муҳоҷири кории тоҷик аз Русия, мақомоти Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода, дар фурудгоҳҳои кишвар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба ватан бармегарданд ё мақсади сафар доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Аз 1 майи соли 2024 гурӯҳи корӣ ба навбатдории шабонарӯзӣ дар фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб оғоз намуда, ба муҳоҷирон тағйирот дар қонунгузории Русия, чӣ гуна дуруст ҷавоб додан ба саволҳои марзбонон, масоили марбут ба патенту қайди муваққатиро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.

Ғайр аз ин, ба шаҳрвандон зарурати донистани забону арзишҳои фарҳангии кишвари қабулкунанда хотиррасон гардида, инчунин шаҳрвандон аз амалҳои эҳтимолии ғайриқонунӣ, гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро ва хатари пайвастан ба онҳо огоҳ карда мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...