spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эҳтимоли аз ҳаққи падару модарӣ маҳрум кардани муҳоҷирони фарзандонашон аз таҳсил дурмонда дар мактабҳои Русия

Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия Валерий Фадеев пешниҳод кардааст, муҳоҷироне, ки фарзандонашонро барои таҳсил ба мактабҳо намедиҳанд, аз ҳаққи падару модарӣ маҳрум карда шаванд. Дар ин бора ӯ зимни сафараш ба вилояти Калуга изҳори назар кардааст.

“Вобаста ба фарзандон модар гуфта метавонад: “Ман намехоҳам, ки фарзандам дар мактаб таҳсил кунад”. Модар аз оилаи муҳоҷирон аст. Мебояд гуфт, волидон ба ҷуз ҳуқуқ, уҳдадориҳо ҳам дошта, бояд фарзандони худро бо маълумот таъмин кунанд. Агар дар Русия чунин қабул шуда бошад, ки ҳамаи кӯдакон таҳсилдида ҳастанд, онҳо ҳам бояд ин корро кунанд. Агар не, пас бубахшед, ба фикри ман, бояд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шаванд”, – мегӯяд Фадеев.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли гузашта Валерий Фадеев изҳор дошта буд, ки фарзандони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, набояд ба мактабҳо қабул карда шаванд. Он замон ӯ зидди расмиёти соддашудаи додани шаҳрвандии Русия барои фаъолияти ризокорӣ (волонтёрӣ) ё барқарор кардани зерсохтор дар Донбасс ва қаламрави зери назорати неруҳои низомии Русиядар Украина изҳори назар карда буд.

Фадеев огоҳ карда буд, ки додани шиноснома бо тартиби соддашуда “метавонад ба вуруди оммавии сохтмончиён аз Осиёи Миёна бидуни донистани забони русӣ ва қонунҳои Русия барои гирифтани шаҳрвандии Русия боис гардад”.

Бино ба маълумоти Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия, дар моҳи ноябри соли 2022 ҳудуди 6 млн нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия қарор доштаанд, ки нисфи онҳо муҳоҷирони корӣ мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...