Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?

Соли гузашта ба кишвар наздики 47 ҳазор мошин ба маблағи умумии 521,1 млн доллар ворид гардидааст, ки ин нисбат ба ду соли пеш 39,8% камтар аст. Дар ин бора Хадамоти гумрук хабар дод. “Азия-Плюс” маъруфтарин тамғаи мошинҳоро миёни шаҳрвандони Тоҷикистон  муайян кард. Ба иттилои манбаъ, соли гузашта сокинони Тоҷикистон, асосан, мошинҳои “осиёгӣ”-ро интихоб кардаанд. Ҳамин тавр, […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Соли гузашта ба кишвар наздики 47 ҳазор мошин ба маблағи умумии 521,1 млн доллар ворид гардидааст, ки ин нисбат ба ду соли пеш 39,8% камтар аст. Дар ин бора Хадамоти гумрук хабар дод.

“Азия-Плюс” маъруфтарин тамғаи мошинҳоро миёни шаҳрвандони Тоҷикистон  муайян кард.

Ба иттилои манбаъ, соли гузашта сокинони Тоҷикистон, асосан, мошинҳои “осиёгӣ”-ро интихоб кардаанд. Ҳамин тавр, соли 2023 ба кишвар аз ҳама бештар автомобилҳои ширкати Кореяи Ҷанубӣ "HYUNDAI" ворид шудааст. Дар ҷойи дуюм тамғаи ҷопонии "TOYOTA" ва дар ҷойи сеюм электромобили чинии "BYD" қарор гирифтаанд.

Ҷолиб аст, ки давоми ду соли охир интихоби сокинон то дараҷае тағйир ёфтааст. Давоми 10 сол, аз соли 2013 то соли 2022 ТОП-10 тамғаи маъруф дар кишвар чунин буд: “OPEL”, “Toyota”, “Mercedes-Benz”, “Hyundai”, “Lexus”, “BMW”, “Volkswagen”, “Audi”, “Daewoo” ва “KIA”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.