Имрӯз Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат, соати 10:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии тантанавӣ баргузор мегардад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 11 МАРТ
Соли 1912 – Шумораи аввалини рӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” нашр шуд. Ин рӯзнома нахустин нашрияи матбуотии тоҷикӣ ба ҳисоб меравад ва дар муҳити фарҳангӣ ва сиёсии Осиёи Марказӣ нақши муҳим бозид. Он бо ташаббуси ҷадидон (ислоҳотхоҳон)-и Аморати Бухоро таъсис ёфт. Забони рӯзнома асосан тоҷикӣ (форсии дарӣ) буд, вале мақолаҳо бо забони туркӣ ва арабӣ низ чоп мешуданд.
Ҳар шумораи он 4 саҳифа дошт ва ҳафтае 2 маротиба нашр мегардид. Баъди ҳудуди 8 моҳ фаъолияти рӯзнома қатъ шуд. Шумораи охирини он 28 январи соли 1913 нашр гардид.
Гарчанде рӯзнома умри кӯтоҳ дошт, таъсири он дар бедории фикрии тоҷикон ва рушди матбуоти миллӣ хеле бузург буд.
Соли 2002 – Муҳлати эътибори Созишномаи ризоияти миллӣ бе муҳлат дароз карда шуд.
Соли 2007 – Дар шаҳри Душанбе Форуми матбуоти тоҷикзабонон баргузор гардид.
Соли 2008 – Додгоҳи Олии ҶТ ташкилоти “Ҳизб-ут-Таҳрир”-ро расман ҳамчун гурӯҳи экстремистӣ эълон кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1912 – Зодрӯзи Ғанӣ Абдулло, драматург ва шоири тоҷик.
Ғанӣ Абдулло соли 1932 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм карда, ба Душанбе омадааст. Солҳо дар Пажӯҳишгоҳи омӯзгории Комиссариати маориф, Иттифоқи нависандагон, Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият кардааст.
Оғози фаъолияти эҷодияш ба ибтидои солҳои 30-юми асри гузашта рост меояд. Ӯ муаллифи драмаҳои “Вахш”, “Водии бахт”, “Рустам ва Суҳроб” (бо ҳамқаламии А.Пирмуҳаммадзода), “Шӯриши Восеъ”, “Ҳуррият” “Мурғи саҳар” ва дигар асарҳои саҳнавӣ буда, соли 1972 барои драмаҳои “Ҳуррият” ва “Сарбозони инқилоб” сазовори Ҷоизаи Рӯдакӣ гардидааст. Инчунин асарҳои маъруфи нависандагони ҷаҳониро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Ғанӣ Абдулло соли 1982 аз олам даргузашт.
Соли 1917 – Мавлуди Лутфӣ Саид, нависандаи тоҷик.
Соли 1954 – Зодрӯзи Соро Сабзалиева, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.
Соро Сабзалиева хатмкардаи факултети ҳунарпешагии Донишкадаи умумииттифоқии давлатии кинематографияи Маскав буда, аз соли 1975 дар Театри давлатии академии драмавии Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ. ба ҳунарнамоӣ пардохта, дар ин театр як қатор нақшҳои мондагор офаридааст.
Ӯ нақши Робиаро дар намоишномаи “Дар чорроҳа”, Насиба дар “Мардон намегирянд”, София дар “Бадбахтӣ аз ақл”, Лаура дар “Боғи ҳайвоноти шишагӣ”-ро иҷро намудааст.
Соро Сабзалиева, ки соли 2009 Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шуд, дар чанде аз филмҳо низ нақшҳои асосӣ ва дуввумдараҷа офаридааст.
Соли 1963 – Мавлуди Мардон Мавлонов, сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Соли 1824 дар ИМА Бюрои умури ҳиндувони амрикоӣ таъсис дода шуд.
Бюрои умури ҳиндувон (Bureau of Indian Affairs, BIA) як ниҳоди ҳукуматииАмрико мебошад, ки масъули ҳамоҳангсозӣ ва идораи муносибатҳои ҳукумат бо қабилаҳои ҳиндувонии эътирофшудаи федеролӣ аст. BIA, ки барои дастгирӣ ва рушди қабилаҳои ҳиндувон таъсис ёфтааст, дар тӯли таърихи худ бо мушкилоти идорӣ ва молиявӣ рӯбарӯ шудааст, ки боиси таҳқиқот ва даъвоҳои ҳуқуқӣ гардидаанд.
11 марти соли 1869 табиатшинос ва рӯҳонии фаронсавӣ Арман Давид ҳангоми сафар ба музофоти Сичуан-и Чин аз шикорчиёни маҳаллӣ пӯсти ҳайвони сиёҳу сафедро дарёфт кард. Ин кашфиёт аввалин шиносоии илмии аврупоиён бо панда буд.
Арман Давид пӯстро ба Осорхонаи миллии таърихи табиӣ дар Париж фиристод, ки дар он ҷо зоологҳо онро таҳқиқ намуда, бо ҳайрат фаҳмиданд, ки ин ҳайвони то ҳол ба илм ношинос аст. Баъдтар, ин намуди ҳайвон “пандаи бузург” ном гирифт.
Аз нимаи асри ХХ панда ба рамзи миллии Чин табдил ёфт ва ҳамчун нишонаи дӯстӣ ва сулҳ шинохта мешавад. Ҳамчунин, панда рамзи Созмони ҷаҳонии ҳифзи табиат (WWF) мебошад.
11 марти соли 1878 дар ҷаласаи Академияи илмҳои Фаронса, ихтирооти Томас Эдисон – фонограф муаррифӣ карда шуд. Ин дастгоҳ аввалин бор имкони сабт ва бознавозии садоро фароҳам овард.
Ҳангоми намоиш, баъзе аз ҳозирин бо шубҳа ва ҳайрат ба ин ихтироот нигоҳ мекарданд. Масалан, забоншинос Жан Буйяр изҳор дошт: “Шумо чӣ гуна бовар мекунед, ки як порчаи металл метавонад садои одамро такрор кунад?” Моҳи майи ҳамон сол намоиши оммавии фонограф баргузор гардид, ки онро “кашфиёти аср” номиданд.
Рӯзи ҷаҳонии фарҳанги мусалмонӣ, сулҳ, муколама ва кино ҳамасола 11 март ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯзро Ҷовид Муҳаммад, нависанда ва продюсери амрикоӣ аз Калифорния, соли 2010 бо мақсади баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи гуногунрангии фарҳанги исломӣ ва таҳкими муколамаи байнифарҳангӣ пешниҳод кардааст.
Дар ин рӯз, чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла намоиши филмҳо, намоишгоҳҳои фарҳангӣ ва муҳокимаҳо баргузор мегарданд, ки ба муаррифӣ ва фаҳмиши беҳтари фарҳанги мусалмонӣ мусоидат мекунанд.
Ҳамасола 11 март Рӯзи ҷаҳонии системаҳои обрасонӣ (сантехникӣ) ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба ҳифзи манбаъҳои об, сарфакорӣ ва истифодаи оқилонаи он равона шудааст. Системаҳои обрасонӣ зиндагии моро осон ва роҳат кардаанд, аммо мушкилоти камбуди об дар ҷаҳон ҳанӯз доғ боқӣ мемонад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 11 МАРТИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 2+7º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 6+11º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 8+13º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15º сард, дар баъзе минтақаҳо то 19-21º сард, рӯзона -2+3º.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 7+9º гарм, рӯзона 15+17º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 14+16º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони суст меборад. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 18+20º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 5+7º гарм.


