Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатии дурӯза ба Қирғизистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пагоҳ, 12-уми март, бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Қирғизистон меравад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, дар ин сафар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ мешаванд. Ин ниҳод афзудааст, ки дар поёни ин сафар раиси ҷумҳурҳои Тоҷикистону Қирғизистон як қатор санадҳои […]

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пагоҳ, 12-уми март, бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Қирғизистон меравад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин сафар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ мешаванд.

Ин ниҳод афзудааст, ки дар поёни ин сафар раиси ҷумҳурҳои Тоҷикистону Қирғизистон як қатор санадҳои ҳамкориро имзо хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “24.kg” навиштааст, ки дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон созишнома оид ба марз ба имзо мерасад.

“Ҳангоми сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон созишнома байни кишварҳо оид ба марзи давлатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дуҷониба ба имзо мерасад”,- навиштааст ин расона бо такя ба Муратбек Азимбоқиев, сардори шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон.

Тибқи иттилои ӯ, интизор меравад дар доираи ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Жапаров, президенти Қирғизистон, Нурланбек Турғунбек, раиси Жогорку Кенеш (парлумолни Қирғизистон) ва Одилбек Қосималиев, раиси девони вазирони ин кишвар мулоқот кунад.

Ҳамчунин, изҳороти муштараки раиси ҷумҳурҳои ду кишвар пахш мегардад.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 21-уми феврали соли равон Саймумин Ятимов ва Қамачибек Тошиев, раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бишкек созишномаи ниҳоии таъини хати марзи ду кишарро имзо карданд.

Қамчибек Тошиев, рӯзи 27-уми феврал, дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон ҷузъиёти ин созишномаро шарҳ дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки “муҳри махфӣ” ё “барои истифордаи хидматӣ” аз созишнома бардошта шуд ва дар идома муфассал дар бораи табодули қитъаҳои замин, ки дар асоси созишнома ба даст омад, маълумот дод.

Аммо ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар бораи ҷузъиёти он изҳори назар накардааст.

Дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳо гардида, даҳҳо нафар низ кушта шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.