Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои хавфи пасти ифротгароӣ дохил шуд

Дар Шохис (Индекс)-и ҷаҳонии терроризм (GTI)-2025, ки аз ҷониби Пажуҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ (IEP) таҳия шудааст, Тоҷикистон зинаи 70-умро касб кард. Ҷумҳурӣ ба гурӯҳи кишварҳо бо хавфи сатҳи пасти терроризм дохил шуд. Ӯзбекистон ва Беларус (ҳарду зинаи 90-ум) низ дар ин сафанд. Аз ҳама амнтар дар минтақа Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистон мебошанд. Ба сурати умум […]

Дар Шохис (Индекс)-и ҷаҳонии терроризм (GTI)-2025, ки аз ҷониби Пажуҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ (IEP) таҳия шудааст, Тоҷикистон зинаи 70-умро касб кард. Ҷумҳурӣ ба гурӯҳи кишварҳо бо хавфи сатҳи пасти терроризм дохил шуд. Ӯзбекистон ва Беларус (ҳарду зинаи 90-ум) низ дар ин сафанд.

Аз ҳама амнтар дар минтақа Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистон мебошанд.

Ба сурати умум вазъ дар минтақаи Авруосиё бад шудааст: шумори ҳамла ва ҷабрдидагон афзудааст. Дар минтақа тайи як сол 18 ҳамла сурат гирифта, бар асари онҳо 199 нафар ҳалок шуданд. Ин нишондиҳандаи баландтарин аз соли 2010 мебошад.

Дар радабандии ҷаҳонӣ кишварҳои Буркаина Фасо (8,5 балл), Покистон (8,3) ва Сурия (8), ки дар онҳо ҳамлаҳои оммавӣ ва низоъзои мусаллаҳона идома доранд, хатарноктарин давлатҳо эътироф шудаанд. Русия дар зинаи 16-ум (6,2 балл), Украина – 45, ИМА – 34 ва Олмон – 27-ум қарор доранд.

Шохиси ҷаҳонии терроризм (Global Terrorism Index) аз таҳқиқоти комплексие иборат аст, ки сатҳи фаъолмандии террористиро дар ҷаҳон арзёбӣ мекунад. Он аз ҷониби Гурӯҳи байнулмилалии коршиносон бо дастгирии Пажуҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ (Institute for Economics and Peace)-и назди Донишгоҳи Сидней (Автралия) таҳия шудааст.

Шохис фаъолмандии террористиро аз рӯи чор нишондиҳандаи асосии зерин месанҷад:

– шумори ҳодисаҳои террористӣ;

-теъдоди ҳалокшудагон;

– теъдоди ҷабрдидагон;

– сатҳи зиёни моддӣ.

Ҳамчунин омилҳои иловагии ғайримустақими марбут ба хавфи террористӣ ба назар гирифта мешаванд. Аҳаммияти индекс аз 0 то 10 фарқ мекунад: ҳар қадар нишондиҳанда баландтар бошад, ҳамон қадар таъсири терроризм дар кишвар бештар аст. Дар кишварҳое, ки дар садри феҳрист қарор доранд, хатари терроризм бештар баланд дониста мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.