Сабти филми мустанад дар бораи Ҳофизи Шерозӣ оғоз шуд

Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанад дар бораи Ҳофизи Шерозӣ оғоз шудааст. Ин филм бахшида ба 700 солагии шоири классики тоҷик таҳия мегардад ва моҳи июни имсол дар қароргоҳи ЮНЕСКО ба намоиш гузошта мешавад. Дар ин бора Толиб Раҳматуллоев, муовини директори “Тоҷикфилм” ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Манбаъ гуфт, филмнома аз ҷониби адабиётшиносони тоҷик – Шодимуҳаммад Сӯфизода, […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанад дар бораи Ҳофизи Шерозӣ оғоз шудааст. Ин филм бахшида ба 700 солагии шоири классики тоҷик таҳия мегардад ва моҳи июни имсол дар қароргоҳи ЮНЕСКО ба намоиш гузошта мешавад. Дар ин бора Толиб Раҳматуллоев, муовини директори “Тоҷикфилм” ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Манбаъ гуфт, филмнома аз ҷониби адабиётшиносони тоҷик – Шодимуҳаммад Сӯфизода, Муҳриддин Низомӣ, Шарифмурод Исрофилниё ва Бадриддин Мақсудов дар муддати 2 моҳ таҳия гардидааст.

Рустам Сатторзода, коргардони филми мазкур дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки филми мустанад дар шаҳрҳои Хуҷанди Тоҷикистон ва Шерози Эрон ба навор гирифта мешавад. Ӯ гуфт, ки дар таҳияи филм аз манбаъҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бойгонии “Тоҷикфилм” истифода мекунанд.

“Наворбардорӣ дар Шероз, зодгоҳи Ҳофизи Шерозӣ ва мақбараи ӯ, ки дар Мусалло аст, мегузарад. Зимнан дар пасманзари мавзеъҳое, ки замоне худи Ҳофиз зиндагӣ кардааст ғазалҳои ӯро қироат карда аз рӯзгораш сухан гуфта мешавад. Ҳамчунин дар ин шаҳр ҳар сол маҳфили ҳофизхонӣ баргузор мешавад, ки агар имконият даст диҳад дар ин чорабинӣ иштирок ва ба навор мегирем. Дар Хуҷанд низ дар мавзеъҳои таърихӣ аз ҷумла Қалъаи Хуҷанд ва хонаи Камоли Хуҷандӣ наворбардошта мешавад”, – иброз дошт Рустам Сатторзода.

Гуфта мешавад, ки филмнома мавзуъҳои ишқ, инъикоси замона, сабк ва шуҳрати Ҳофиз, таъсири эҷодиёти ӯ ба фарҳангҳои ҷаҳонӣ, арзишҳои озодихоҳӣ, инсондӯстӣ, ва таҳаммулпазирӣ дар эҷодиёти ӯ, нақши ашъори Ҳофиз дар рушди мусиқӣ, аз ҷумла “Шашмақом” ва дигар ҷанбаҳои ҳаёту эҷодиёти Ҳофизро фаро мегирад.

Коргардони филм гуфт, ки Маҳмадсаид Шоҳиён, директори “Тоҷикфилм” шеърҳо ва ғазалҳои Ҳофизи Шерозиро қироат мекунад ва Манучеҳр Ализода ва Дилшод Алсамадов ровиёни тоҷик, овоз медиҳанд.

Бояд гуфт, ки моҳи июни имсол дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Порис 700-солагии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ, шоири номвари классики тоҷик таҷлил мешавад. Дар доираи ин ҷашнвора конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “700 сол бо Ҳофиз” ба нақша гирифта шудааст, ки дар он олимону ҳофизшиносон аз саросари ҷаҳон ширкат меварзанд. Инчунин, барномаи “Шашмақомхонӣ” ва намоиши дастхатҳо ва нигораҳои фарҳангӣ тарҳрезӣ шудааст.

Ҳофизи Шерозӣ – бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷику форс 31 март (дар сарчашмаҳои дигар моҳи октябр)-и соли 1325 дар шаҳри Шероз (ҳудуди имрӯзаи Эрон) таваллуд шудааст. Номи шоир Шамсиддин Муҳаммад аст ва чун ӯ Қуръонро аз ёд медонист ва ба 14 навъ онро тиловат мекард, тахаллуси “Ҳофиз”-ро ба худ гирифта буд.

Ҳарчанд аз марги Ҳофизи Шерозӣ ҳудуди 700 сол гузаштааст, аммо имрӯз ҳам ном ва осори пурғановати ӯ ҷовидон аст. Ӯро дӯстдорони шеъри тоҷикӣ-форсӣ “лисон-ул-ғайб”, яъне донандаи забони ғайб мегӯянд ва ба Ҳофиз эътиқоди зиёд доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.