Ҳушдор ба муҳоҷирон дар Русия: Ба миёнаравҳо бовар накарда, шахсан худро дар қайд гузоред

Намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як огоҳӣ гуфтааст, ки вақтҳои охир дар ин кишвар гурӯҳи миёнаравҳо муҳоҷиронро ба қайди муваққатии қалбакӣ мегузоранд, ки ин кор ваъзи будубоши онҳоро дар Русия зери хатар мемонад. Дар робита ба ин, намояндагӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостааст, ки барои дар Русия дар қайди муҳоҷиратӣ гузоштани худ […]

Намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як огоҳӣ гуфтааст, ки вақтҳои охир дар ин кишвар гурӯҳи миёнаравҳо муҳоҷиронро ба қайди муваққатии қалбакӣ мегузоранд, ки ин кор ваъзи будубоши онҳоро дар Русия зери хатар мемонад.

Дар робита ба ин, намояндагӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостааст, ки барои дар Русия дар қайди муҳоҷиратӣ гузоштани худ ба миёнаравҳо бовар накарда, шахсан худро дар манзили соҳибмулк ба қайд гузоранд.

Ба гуфтаи ин ниҳод, муҳоҷирон ин корро тавассути пойгоҳи “Госуслуги” тариқи фосилавӣ ҳам анҷом дода метавонанд.

Манбаъ навиштааст, дар ҳолати набудани соҳибмулк дар қайди пойгоҳи мазкур муҳоҷирон метавонанд ба мақомоти қабулкунандаҳои ҳуҷҷатҳои давлатӣ “Мои документы” рафта, ҳуҷҷатҳои худро расман ва қонунӣ ба қайд гиранд.

 

Намояндагии Вазорати меҳнат гуфтааст, ки муҳоҷирон агар саволе дошта бошанд ва ё ёрии ҳуқуқи ройгон самти муҳоҷират ба онҳо лозим бошад, метавонанд ба ин намояндагӣ  бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва паёмрасони “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68 муроҷиат кунанд.

Ёдовар мешавем, ин дуввумин ҳушдори ин ниҳод дар як ҳафтаи охир аст. Ҳафтаи гузашта Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як огоҳӣ аз муҳоҷирон хост, ҳангоми сафар ба Русия ва ё бозгашт ба ватан аз бурдани бор, ҳуҷҷат ва дигар ашёҳои шахсони ношинос, ки таркибашон муайян нест, худдорӣ кунанд.

Ин ниҳод ҳамчунин аз муҳоҷирон талаб кард, ҳангоми сафар аз як вилоят ба вилояти дигари Русия бағоҷҳои шахсони ношиносро интиқол надиҳанд.

Аз муҳоҷироне, ки ба таксиронӣ ва колорасонӣ машғуланд хост, вақти қабули фармоиш ҳатман аз фармоишгар таркиби ашё ё баҷоғи мебурдаашонро пурсон шаванд, то фаҳманд дохили он чӣ дорад.

Дар идома ин ниҳод аз муҳоҷирон хост, ашёҳоеро, ки истифодаашон манъ ва ғайриқонунӣ аст, ба дигар ҷо интиқол надиҳанд.

Аммо ин ниҳод нагуфт, ки бо кадом сабабу ангезаҳо ба муҳоҷирон чунин ҳушдор додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.