Ҳалокати як кас дар пайи сӯхтори пойгоҳи сӯзишворӣ дар Спитамен

Субҳи имрӯз, 17-уми март дар пойгоҳи сӯзишвории ҶДММ “3-ГАНҶ”-и  ноҳияи Спитамен сӯхтор рух дод, ки дар пайи он як кас ҷон бохта, як нафар ҷароҳати вазнин бардоштааст. Дар ин бора Насимҷон Сулаймонзода, сардори  бахши Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Спитамен ба “Азия –Плюс иттилоъ дод. Номбурда гуфт, ки  сӯхтор соати 7:55-и субҳ рух дод, вале […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 17-уми март дар пойгоҳи сӯзишвории ҶДММ “3-ГАНҶ”-и  ноҳияи Спитамен сӯхтор рух дод, ки дар пайи он як кас ҷон бохта, як нафар ҷароҳати вазнин бардоштааст. Дар ин бора Насимҷон Сулаймонзода, сардори  бахши Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Спитамен ба “Азия –Плюс иттилоъ дод.

Номбурда гуфт, ки  сӯхтор соати 7:55-и субҳ рух дод, вале “масъулини  пойгоҳ ба хадамоти давлатии оташнишонӣ иттилоъ надодаанд" ва ин ниҳод худ огоҳ шуда, ба ҷои ҳодиса рафтанд.

Маълум нест, ки чаро масъулини ширкат ба қисми оташнишонӣ дар бораи сӯхтор иттилоъ надодаанд.

Ба гуфтаи Насимҷон Сулаймонзода ба ҷойи ҳодиса гуруҳи корӣ аз қисмҳои оташнишонӣ дар ноҳияҳои Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Хуҷанд бо 11 нақлиёти сӯхторхомушкунӣ рафтаанд.

“Аз сабабе, ки алангаи оташ баланд шуда буд, хомӯш кардани он мушкил буд ва дер давом кард. Сӯхтор соати 10 хомӯш карда шуд”,- гуфт номбурда.

Ин масъули хадамоти оташнишонӣ гуфт, ки яке аз сабабҳои сар задани сӯхтор риоя накардани талаботи зиддисӯхтор аз ҷониби пойгоҳи сӯзишворӣ аст.

“Вақти бо сӯзишворӣ пур кардани мошин он оташ мегирад ва оҳиста-оҳиста алангаи оташ баланд шуда, ҳудуди бештарро фаро мегирад. Дар натиҷа як нафар ҳалок шуда, як нафари дигар ҷароҳати вазнин бардошт, ки ба беморхона бурда шуд”,-гуфт Сулаймонзода.

Манбаъ гуфт, ки сабабҳои дигари сӯхтор, масоҳат ва зиёни молии расидашуда муайян карда мешавад.

Бояд гуфт, ки назари пойгоҳи сӯзишвории ҶДММ “3-ГАНҶ” дар робита ба сӯхтор маълум нест ва ҳамзамон аниқ нест, ки дар натиҷаи сӯхтор ин пойгоҳ чӣ миқдор хисороти молиявӣ дидааст.

Ёдрас мешавем, ки субҳи имрӯз корбарони саҳифаҳои “Азия-Плюс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли чанд аксу наворҳо гуфтанд, ки дар ноҳияи Спитамен сӯхтор сар задааст. Дар наворҳое, ки корбарон фиристоданд дида мешавад, ки маҳалле оташ гирифта, алангаи оташ баланд аст.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохила давоми соли 2024 дар Тоҷикистон 1 ҳазору 175 сӯхтор сар задааст,  ки дар натиҷаи онҳо 17 нафар, аз ҷумла, 11 ноболиғ ҷони худро аз даст додаанд. Соли 2023 1 ҳазору 269 сӯхтор рух дода, дар онҳо 23 нафар ба ҳалокат расида буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.