Душанбе ба пешвози Наврӯз чӣ гуна омода мешавад?

Дар шаҳри Душанбе ба ҷашни байналмилалии Наврӯз омодагӣ мебинанд: аллакай ба гӯшаҳои гуногуни пойтахт нишони сабзаи суманак ва таблову ороишоти гуногун насб гардидааст. Дар майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе нишони сабзаи суманак қомат афрохтааст ва дарахту ороишоти наврӯзӣ гузошта шудааст. Сокинону меҳмонони пойтахт чанд рӯз инҷониб ба ин боғ меоянду назди сабзаи баландпояи суманак аксҳои хотиравӣ […]

Дар шаҳри Душанбе ба ҷашни байналмилалии Наврӯз омодагӣ мебинанд: аллакай ба гӯшаҳои гуногуни пойтахт нишони сабзаи суманак ва таблову ороишоти гуногун насб гардидааст.

Дар майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе нишони сабзаи суманак қомат афрохтааст ва дарахту ороишоти наврӯзӣ гузошта шудааст.

Сокинону меҳмонони пойтахт чанд рӯз инҷониб ба ин боғ меоянду назди сабзаи баландпояи суманак аксҳои хотиравӣ мегиранд ва аз фарорасии ҷашни Наврӯз фараҳ мебардоранд.

 

Дар майдони 800-солагии Маскав, назди бинои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ низ сабзаи суманак бо навиштаҷоти “Наврӯз -2025” ниҳода шудааст.

 

Пешорӯи бинои нави порлумони кишвар ҳам бо ороишоти наврӯзӣ пероста шудааст.

 

Дар сайргоҳҳои пойтахт гулҳои гуногун шинонидаанд, дар кӯчаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ таблоҳои муждаи наврӯзӣ насб гардидааст ва дарахтони боғҳо ҳам аз омадани фасли баҳор хабар додаву гул кардаанд.

 

Наврӯз ҷашни эҳёи олами хуфта, бедории табиат, оғози корҳои кишоварзӣ мебошад, ки паёмовари фасли баҳор, навшавии сол, омадани фасли гармо ба шумор меравад.

Созмони миллали муттаҳид 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байнулмилалии Наврӯз эътироф намудааст.

Ҳамчунин ҷашни Наврӯз ба руйхати мероси ғайримоддии башарии ЮНЕСКО дохил шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.