Дар Тоҷикистон барномаи омодасозии омӯзгорони забони кореягӣ роҳандозӣ шуд

Дар Донишгоҳи байнулмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо дастгирии сафорати Ҷумҳурии Корея барномаи нави омодасозии омӯзгорони забони кореягӣ роҳандозӣ шуд. Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба забон ва фарҳанги кореягӣ, бахусус миёни ҷавонон зиёд мешавад. Ғайр аз ин, бо оғози татбиқи барномаи муҳоҷирати кории EPS дар кишвар, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати шуғл дар Кореяи Ҷанубӣ имкон медиҳад, […]

Asia-Plus

Дар Донишгоҳи байнулмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо дастгирии сафорати Ҷумҳурии Корея барномаи нави омодасозии омӯзгорони забони кореягӣ роҳандозӣ шуд.

Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба забон ва фарҳанги кореягӣ, бахусус миёни ҷавонон зиёд мешавад. Ғайр аз ин, бо оғози татбиқи барномаи муҳоҷирати кории EPS дар кишвар, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати шуғл дар Кореяи Ҷанубӣ имкон медиҳад, талабот ба омӯзиши забони кореягӣ боз ҳам бештар ва муҳимтару рӯзмарра шуд.

Донишгоҳи байнулмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дар Душанбе воқеъ буда, дар омӯзиши забони кореягӣ нақши назаррас дорад.

Аз соли 2009 донишҷӯёне, ки забони кореягиро омӯхтанд, ин муасссисаро хатм карданд. Донишгоҳ зиёда аз 400 мутахассис тайёр карда, нақши худро ҳамчун маркази таълими забони кореягӣ дар Тоҷикистон мустаҳкам кард.

Ба муносибати роҳандозии барномаи нав дар Донишгоҳ маросими муаррифии барнома ва чорабинии тантанавӣ доир гардида, донишҷӯён табъи меҳмонону ҳозиринро бо барномаҳои эҷодии таҷассумгари мероси фарҳангии ҳарду кишвар болида гардониданд.

«Ба туфайли ин барнома, ҳарчи бештар донишҷӯёни тоҷик метавонанд забони кореягиро омӯхта, минбаъд хатмкунандагони барнома ҳамчун омӯзгорон дар саросари кишвар фаъолият хоҳанд кард, ки дар рушди ҳамкории дуҷониба кумак мекунад», – изҳор дошт Ҷон Сонг Шик, сафири Ҷумҳурии Корея.

Роҳандозии барномаи омодасозии омӯзгорони забони кореягӣ барои рушд ва таҳкими робитаҳо дар соҳаи маориф ва фарҳанг байни Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ нақши муҳим хоҳад дошт.

Акнун ҳарчи бештар донишҷӯён ба омӯзиши забони кореягӣ фаро гирифта шуда, хатмкунандагони барнома дониши худро ба насли оянда таълим хоҳанд дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио