Нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Ашқобод

Date:

Рӯзи 27 март дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод 20-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад,  дар кори нишаст вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.

Гуфта мешавад, зимни нишаст иштирокчиён масоили мубрами рӯзномаи байниминтақавӣ, инчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо батафсил баррасӣ карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Роҳбарони ҳайатҳо аз ҷумла пешниҳодоти худро дар хусуси густариши баъдии робитаҳои байниминтақавӣ дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, иттисоли нақлиётӣ, рақамикунонӣ, маорифу фарҳанг, амният ва ҳифзи муҳити зист манзур намуданд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Ба иттилои манбаъ, ба масоли тадорукот ба нахустин ҳамоиши дарпешистодаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Самарқанд таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Зимнан зикр мегардад, ки дар доираи ин чорабинӣ президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов вазиронро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҳошияи нишаст Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ, ноиби президенти Комиссияи Аврупо Кайя Каллас барпо гардид, дидору гуфтушунид анҷом дода, аснои вохӯри мусоҳибон ба сатҳи феълии шарикии гуногунпаҳлӯ ва муассири Душанбе ва Брюссел баҳои баланд доданд.

Дар вохӯрӣ мавзӯоти зиёди мавриди эҳтимоми тарафайн, аз ҷумла ҳамкорӣ дар амри тавлиди нерӯи сабз, вусъати долонҳои устувори нақлиётӣ, пешбурди иттисоли рақамӣ, такмили соҳаҳои кишоварзӣ ва маориф, ҳамчунин масоили амниятӣ ва мусоидат дар таҳкими марзҳо баррасӣ гардиданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Шарикӣ дар бобати муқовимат ба чолишу таҳдидҳои мавҷуда ва дурнамои татбиқи муштараки тарҳҳои мушаххас дар самти энергетика як бахши муҳимми муҳокимаҳои ин гуфтушунидро ташкил дод.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин бо муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов дидору гуфтушунид карда, дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои кишварҳоо дар соҳаҳои мухталиф матраҳ шуд ва оид ба дидгоҳҳои тарафайн дар мавриди идомаи шарикии мутақобилан судманд табодули афкорсурат гирифт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Вазирон рафти татбиқи тавофуқоти дар сатҳи олӣ дар солҳои охир бадастомада ва андешидани чораҳоро дар доираи шарикии стратегӣ матраҳ намуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related