Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст

Субҳи имрӯз, 9-уми апрел дар пайи фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ дар минтақаи ноҳияи Рӯшон шоҳроҳи мазкур муваққатан баста шудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода (КҲФ). Манбаъ навиштааст, ки тарма соати 06:50-и субҳ дар киломатри 492-юми шоҳроҳ дар ҳудуди деҳаи Вознавди ноҳияи Рӯшон фаромд ва дар пайи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ сабт нашудааст. Ба гуфтаи КҲФ, дар […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 9-уми апрел дар пайи фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ дар минтақаи ноҳияи Рӯшон шоҳроҳи мазкур муваққатан баста шудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода (КҲФ).

Манбаъ навиштааст, ки тарма соати 06:50-и субҳ дар киломатри 492-юми шоҳроҳ дар ҳудуди деҳаи Вознавди ноҳияи Рӯшон фаромд ва дар пайи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ сабт нашудааст.

Ба гуфтаи КҲФ, дар ҳоли ҳозир масъулин роҳро аз тарма тоза мекунанд, вале маълум нест, ки ин масир кай боз мешавад.

Ин ниҳод бори дигар ёдрас шудааст, ки то 11-уми апрел дар натиҷаи боришоти шадиди пешбинишуда дар минтақаҳои баландкӯҳи кишвар, махсусан шоҳроҳҳо хатари омадани тарма, сел ва сангрезаву дигар офатҳои табиӣ имкон дорад.

Ба гуфтаи КҲФ хатари фаромадани тарма, сангрезӣ ва омадани сел махсусан дар роҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе – Рашт – Лахш, Душанбе – Сангвор, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим ва Хоруғ – Мурғоб боқӣ мемонад.

Дар пайи ин, КҲФ аз ронандагон хостааст, ки пеш аз сафар дар бораи ҳолати роҳҳо маълумот гирифта, нақлиёти худро барои ҳаракат дар ҳангоми бориши барф омода кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио