Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд

Date:

Аз 1-уми майи соли ҷорӣ барои нӯшокиҳои нерӯдиҳанда (энергетик) андози аксиз ҷорӣ мегардад. Мувофиқи он аз ҳар литри ин навъи нӯшокӣ 0,06 евро, ки тақрибан ба як сомонӣ баробар аст, маблағ ситонида мешавад.

Дар ин бора қарори ҳукумати кишвар аз 28 феврали соли 2025 содир шуда, ба қарори ҳукумат “Дар бораи меъёрҳои андози аксиз барои молҳои зераксизии дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Тоҷикистон воридшаванда” тағйирот ворид гардид.

Бар асоси қарори мазкур, миқдори пардохти андози аксиз барои як қатор молу маҳсулоти дигар ҳам зиёд мешавад.

Аз ҷумла, барои оби ҷави ғайриспиртӣ, обҳои маъданӣ ва газдори ширин ё хушбӯйкунанда ва дигар нӯшокиҳои ғайриспиртӣ (ғайр аз шарбатҳои мева ё сабзавоти мавқеи молии 2009) андози аксиз 0,04 евро, баробар ба тақрибан 0,5 сомонӣ барои як литр муайян шудааст. Ин маблағ пештар 0,03 евро (0,36 сомонӣ) буд.

Барои оби ҷави ғайриспиртӣ бошад, ин маблағ ба 0,40 евро, баробар ба тақрибан 5 сомонӣ хоҳад буд. Ин маблағ пештар 0,35 евро (бештар аз 4 сомонӣ) буд.

Барои 1 литри майҳои табиии ангур бошад 0.84 евро, баробар ба 10 сомонӣ пешбинӣ мешавад, ки пештар 0,50 евро, яъне камубеш 6 сомонӣ буд.

Ҳамчунин меъёри андози аксиз барои спирти этилӣ ва шаробҳои дигари спиртӣ аз 3 то 4 евро (аз 36 сомонӣ то 49 сомонӣ) муайян гардидааст. Қаблан аз 2,5 (бештар аз 30 сомонӣ) то 3,5 евро (қариб 42 сомонӣ) буд.

Ҳамчунин, барои сӯзишвории маъданӣ, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо 70 евро (тақрибан 859 сомонӣ) барои як тонна андози аксиз ситонида мешавад, ки пештар 55 евро (680 сомонӣ) буд.

Тағйироти мазкур аз 1-уми майи соли ҷорӣ мавриди амал қарор мегирад.

Бояд гуфт, андози аксиз як навъи андози ғайримустақим ва махсус мебошад, ки барои молҳои муайяни зераксизӣ, аз ҷумла молҳои дорои таъсири манфӣ ба саломатӣ ва муҳит ҷорӣ мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...