Сабзӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 2 баробар гарон шуд

Моҳи апрели соли 2025 нархи сабзавот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба таври назаррас боло рафт. Таҳлили нарҳои истеъмолӣ ба ҳисоби миёна болоравии назаррасро қариб дар ҳамаи мавқеъҳо нишон медиҳад. Аз рӯи суръати болоравии нархӣ сабзӣ аз ҳама гаронтар шуд: 113% – аз 2,06 то 4,40 сомонӣ барои 1 кг. Дар идома карами […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Моҳи апрели соли 2025 нархи сабзавот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба таври назаррас боло рафт.

Таҳлили нарҳои истеъмолӣ ба ҳисоби миёна болоравии назаррасро қариб дар ҳамаи мавқеъҳо нишон медиҳад.

Аз рӯи суръати болоравии нархӣ сабзӣ аз ҳама гаронтар шуд: 113% – аз 2,06 то 4,40 сомонӣ барои 1 кг.

Дар идома карами одӣ қарор дорад: нархи он қариб 2 баробар боло рафтааст: аз 3,08 то 6,00 сомонӣ.

Гулкарам ба андозаи 82,4% қимат шуда, 1 килограммаш ба 12,40 сомонӣ расид (1 сол пеш – 6,80 сомонӣ).

Дар арзиши лаблабуи ошӣ, қаланфури булғорӣ, бодиринг, сирпиёз, картошка ва пиёз болоравии миёнаи нархҳо ба мушоҳида расид.

Ягона сабзавоте, ки арзон шуд, помидорҳои дар гармхона парваришёфта аст: моҳи апрели соли 2025 нархи он 18,9% поин рафт: аз 21,20 то 17,20 сомонӣ барои 1 кг.

Ба ақидаи мутахассисон, болоравии нархҳо асосан ба омилҳои мавсимӣ ва камшавии захираҳои ҳосили соли пешина марбутанд. Моҳи апрел захираҳои пешина ба охир расида, ҳосили нав ҳоло ба фурӯш бароварда нашудааст.

Дар назар аст, ки давоми моҳҳои наздик зимни ба бозор ворид шудани ҳосили нав, нархҳо тадриҷан муътадил ва ба поинравӣ оғоз мекунанд.

Вобаста ба минтақа, нархҳо дар ҷумҳурӣ метавонанд фарқият дошта бошанд. Дар баъзе мавридҳо фарқияти хеле зиёд. Масалан, сабзӣ дар баъзе ноҳияҳои кишвар то 6 сомонӣ ва бодиринг – то 20 сомонӣ нарх доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио