Ҷаримаи як ронандаи таксӣ барои бадрафторӣ бо сайёҳони австралиягӣ

Дар пайи муроҷиати сайёҳон аз Австралия, пулиси Душанбе як ронандаи таксиро барои бадрафторӣ ба онҳо боздошт ва беш аз 500 сомонӣ ҷарима кардааст. Раёсати корҳои дохилӣ дар Душанбе имрӯз, 15-уми апрел бо нашри як иттилоия гуфт, "Закир Маматқобилов, ронандаи таксие дар Душанбе рӯзи 11-уми апрел ҳангоми хизматрасонии мусофиркашонӣ нисбати муроҷиаткунандагон – шаҳрвандони Австралия муносибати дағалона намуда, […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Дар пайи муроҷиати сайёҳон аз Австралия, пулиси Душанбе як ронандаи таксиро барои бадрафторӣ ба онҳо боздошт ва беш аз 500 сомонӣ ҷарима кардааст.

Раёсати корҳои дохилӣ дар Душанбе имрӯз, 15-уми апрел бо нашри як иттилоия гуфт, "Закир Маматқобилов, ронандаи таксие дар Душанбе рӯзи 11-уми апрел ҳангоми хизматрасонии мусофиркашонӣ нисбати муроҷиаткунандагон – шаҳрвандони Австралия муносибати дағалона намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст".

Дар наворе, ки мақомот нашр карданд, дида мешавад, ки чӣ гуна ронанда аввал ба сари сайёҳон зургӯӣ мекунад ва баъди аз мошин пиёда шуданаи онҳо ӯ низ аз пасашон бо қаҳр аз мошин мефарояд.

Дар идома чӣ шудааст, дида намешавад.

Мақомот гуфтаанд, нисбати ронанда бо гумони “майдаавбошӣ” (моддаи 460 КҲМ) протоколи маъмурӣ тартиб дода, бо ҳукми додгоҳ 525 сомонӣ (7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима кардаанд.

Назари худи ронандаи таксӣ дар мавриди ин воқеа маълум нест.

Қаблан низ дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз пулиси шаҳри Душанбе як кирокашро барои аз меъёр зиёд талаб намудани ҳаққи роҳкиро ва “дағалона муносибат намудан” ба сайёҳи эронӣ боздошт ва ҷазо дода буд.

Ёдрас мешавем, ки қаблан Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ дода буд, ки барои дастгирӣ ва кумак ба сайёҳони хориҷӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ хати телефони фаврӣ ташкил кардааст.

Гуфта мешуд, ширкатҳои сайёҳӣ ва сайёҳони хориҷӣ дар ҳолати зарурӣ метавонанд ба рақамҳои 118-200-200  аз соати 8:00 то 17:00 (аз душанбе то -ҷумъа) мустақиман тамос гиранд ва дар дигар вақтҳо тариқи паёмрасонҳои Whatsapp ё Telegramи рақамҳои боло муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.