Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии фаврии ҷиноятҳо ва саривақт баррасӣ кардани муроҷиати шаҳрвандон барномаи худкор (бот)-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кардааст. Ин ниҳод менависад, сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд бо ворид кардани суроғаи муайян ному насаб, рутба, рақами телефон ва дигар маълумоти нозири минтақавии минтақаи худро пайдо карда, арзу шикояти худро бевоиста ба […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии фаврии ҷиноятҳо ва саривақт баррасӣ кардани муроҷиати шаҳрвандон барномаи худкор (бот)-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кардааст.

Ин ниҳод менависад, сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд бо ворид кардани суроғаи муайян ному насаб, рутба, рақами телефон ва дигар маълумоти нозири минтақавии минтақаи худро пайдо карда, арзу шикояти худро бевоиста ба вай расонанд.

Барои ин зарур аст, ки дар "Телеграм" саҳифаи “Нозири минтақавии ман”-ро ҷустуҷӯ кард ва ё бо ин пайванд ба он ворид шуда, дар қисмати ҷустуҷӯ номи кӯча, маҳалла, бинои истиқоматӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, биноҳои маъмурӣ ва ё дигар маконҳои ҷамъиятиро ворид сохта, нозири минтақавиеро, ки дар ин масир фаъолият мекунад, пайдо кунанд.

Ин ниҳод таъкид мекунад, суроға бояд бе хато ва бо ҳуруфи тоҷикӣ навишта шавад.

Баъди ворид кардани суроға ному насаб, вазифа, рақами телефон ва масире, ки ин нафар назорат мекунад, пайдо мешавад ва метавон тавассути рақами телефони пайдошуда ба ноизир минтақавӣ тамос гирифт.

Мақомот аз сокинон хостааст, пеш аз истифода бо қоидаҳои барнома шинос шуда, ҳангоми мушоҳидаи ягон хатогиии техникӣ ба хотири мукаммалсозии барнома ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.

Қаблан, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боз шудани шабакаҳои нав барои қабули дархостҳои шаҳрвандон тавассути “WhatsApp” ва “Telegram” хабар дода буд. Сокинони пойтахт метавонанд бо рақами махсуси (+992) 018-02-02-02 пешниҳоду дархост ва шикояти худро ба ин паёмрасонҳо ирсол кунанд.

Ба гуфтаи ин раёсат, ин иқдом барои вокуниши саривақтӣ ба хабарҳо дар бораи амалҳои ғайриқонунӣ, ҷиноятҳо, нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар қонуншиканиҳо нигаронида шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ таъкид кардааст, ки ҳама паёмҳои ирсолшуда тибқи қонун коркард мешаванд, ки ҳифзи маълумоти шахсии муроҷиаткунандагонро кафолат медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.