Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад, имсол ба рӯзи 19 апрел – шанбеи ҳамин ҳафта рост меояд.
Консерти асосӣ ва барномаи фарҳангӣ ба муносибати ин ҷашн соати 13:00 дар “Кохи Суруш” баргузор мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Раёсати фарҳанги шаҳрдории Душанбе хабар доданд.
То оғози консерт дар ҳамин кох маросими супурдани мукофоту ҷоизаҳо ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ доир мегардад.
Ба иттилои манбаъ, дар вазъияти ботантана натиҷаҳои озмунҳо дар соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи шаҳри Душанбе, аз ҷумла “Беморхонаи сол”, Муассисаи аввалияи тиббӣ-саниатарии сол”, “Табиби сол”, “Табиби оилавии сол”, “Корманди миёнаи тиббии сол”, “Мураббии сол”, “Омӯзгори сол”, “Хонандаи сол”, “Стипендиати раиси шаҳри Душанбе” ва ғайра ҷамъбаст мешаванд.
Ғолибон бо мукофоту ҷоизаҳои шаҳрдории Душанбе қадрдонӣ мешаванд.
Пас аз ин маросим барномаи фарҳангӣ ва ҳунарнамоии гурӯҳҳои маъруфи мусиқӣ, дастаҳои рақсӣ ва инчунин ҳунармадони писандидаи эстрадӣ баргузор мешавад.
Дар чор ноҳияи шаҳр, бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғати пойтахт рӯзи 19 апрел шомҳои фарҳангии идона ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва варзишӣ доир мегарданд.
Ҳамчунин рӯзи 19 апрел Ниммарафони анъанавии байнулмилалӣ доир мегардад, ки дар он варзишгарон аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ширкат меварзанд. Марафон ба масофаи 21 км 97,5 м аз роҳи назди “Наврӯзгоҳ” оғоз гардида, дар майдони “Дӯстӣ” ба охир мерасад.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ташкили мусобиқа ва чорабиниҳо аз Фонди рушди пойтахт зиёда аз 590 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.
Мувофиқи қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид”, аз 1 марти соли 2005 ҳамасола дар ҷумҳурӣ шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахт ҷашн гирифта мешавад.


