Дар рӯзи сеюми “Парасту-2025” кадом намоишномаҳо манзури ҳаводорони театр гардид?

Дирӯз, 16-уми апрел, дар рӯзи сеюми ҷашнвораи “Парасту-2025” намоишномаҳои “Гурба, хурӯс ва рӯбоҳ”, “Ривояти суғдӣ” ва “Парный танец в одиночку” дар театрҳои пойтахт ба саҳна гузошта шуданд. Намоишномаи “Ривояти суғдӣ”, ки аз ҷониби ҳунармандони Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара манзури ҳаводорони театр гардид, бар пояи повести таърихии Сотим Улуғзода таҳия шуда, ба дуюмин ҳуҷуми калонтарини […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дирӯз, 16-уми апрел, дар рӯзи сеюми ҷашнвораи “Парасту-2025” намоишномаҳои “Гурба, хурӯс ва рӯбоҳ”, “Ривояти суғдӣ” ва “Парный танец в одиночку” дар театрҳои пойтахт ба саҳна гузошта шуданд.

Намоишномаи “Ривояти суғдӣ”, ки аз ҷониби ҳунармандони Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара манзури ҳаводорони театр гардид, бар пояи повести таърихии Сотим Улуғзода таҳия шуда, ба дуюмин ҳуҷуми калонтарини арабҳо ба Мовароуннаҳр ва муқовимати мардуми Суғди қадим бахшида шудааст.

Қаҳрамони асосии асар Виркан, паҳлавони шуҷоъ ва роҳбари муқовиматгарон аст, ки бо нерӯи худ ва дастгирии мардум ба муқобили зӯроварии арабҳо мубориза мебарад.

Дар намоишнома инчунин образи Наниманча, духтари ҷомашӯй, ки ба Виркан дил мебандад, нақши муҳим дорад. Муносибати онҳо рамзи умед ва зиндагии нав дар миёни ҷанг ва харобӣ аст.

Намошиномаи дигаре, ки давоми рӯз дар Театри таҷрибавии ба номи М.Қосимов ба саҳна гуҳошта шуд, “Парный танец в одиночку” унвон дошта, таҳти роҳбарии коргардон Р.Раҳматуллоев аз ҷониби Театри драма ва мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бӯстон таҳия шудааст.

Асар бар пояи песаи драматурги рус Елена Кузнесова таҳия шудааст. Қаҳрамони асосии намоишнома зани танҳо ва рӯҳафтодаест, ки танфурӯшӣ карда, ба поёнтарин сатҳи зиндагӣ мерасад.

Намоишнома бо он оғоз мегардид, ки ин зани бесарпаноҳ тасодуфан ба утоқи либосҳои театрӣ ворид мешавад ва ҳар гуна либосҳо, аз ҷумла либоси хизматгору маликаро ба бар карда, мехоҳад ба зиндагии худ маъно бахшад ва аз воқеияти талхи ҳаёти худ фирор кунад. Дар намоишнома айнан ҳамин саҳна тасвир гардид ва зани танҳо саргузашти худро қисса кард.

Намошиномаи дигари ин рӯз барои кӯдакон буд ва дар Театри давлатии Лӯхтаки шаҳри Душанбе ба саҳна гуҳошта шуд. Ин намоишнома “Гурба, Хурӯс ва Рӯбоҳ” ном дошта, аз рӯйи асари О.Журавлёва аз ҷониби Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе бо коргардонии Ҷаводов барои кӯдакон таҳия шудааст.

Намоишнома дар бораи се ҳайвон – гурба, хурӯс ва рӯбоҳ, ки дар як ҷангал зиндагӣ мекунанд, қисса мекунад. Гурба ва хурӯс дӯстони содиқанд, аммо рӯбоҳ бо макру ҳила мехоҳад, миёни онҳо низоъ андозад. Гурба ва хурӯс зиракиро аз даст надода, нақшаҳои рӯбоҳро фош мекунанд ва дӯстиашон боз ҳам мустаҳкамтар мегардад.

Ин намоишнома, ки бо истифода аз лӯхтакҳои рангорангу саҳнаҳои ҷолиб намоиш дода шуд, ба кӯдакон аз арзишҳои инсонӣ, аз ҷумла дӯстӣ, ростгӯӣ ва садоқатро таъкид меомӯзад.

Ёдрас мешавем, ки имрӯз аллакай рӯзи чоруми ҷашнвораи “Парасту-2025” аст. Дар се рӯзи гузашта 7 намоишномаи театрҳои гуногун ба саҳна гузошта шуданд. Гузориши “Азия-Плюс”-ро аз рӯзҳои аввалу дуюм дар матлабҳои ин пайванд хонед.

Бояд гуфт, Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2025” рӯзи 14-уми апрел оғоз шуд ва то 21-уми апрел давом мекунад.

Дар бораи он ки боз кадом намоишнома кай, дар куҷо ва аз ҷониби кадом театр ба намоиш гузошта мешавад, дар ин матлаби мо мутолиа намоед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.