Владимир Путин дар ҷанг бо Украина оташбаси муваққатӣ эълон кард

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, ки аз соати 18:00 -и 19-ум то соати 00:00-и 21-уми апрел (ба вақти Маскав) тамоми намуди амалиёти ҷангӣ дар Украинаро қатъ мекунад. Ӯ дар ин бора имрӯз, 19-уми март баъди шунидани гузориши сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов дар бораи вазъи хатти тамоси ҷангӣ изҳор дошт, хабар медиҳад […]

Asia-Plus

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, ки аз соати 18:00 -и 19-ум то соати 00:00-и 21-уми апрел (ба вақти Маскав) тамоми намуди амалиёти ҷангӣ дар Украинаро қатъ мекунад.

Ӯ дар ин бора имрӯз, 19-уми март баъди шунидани гузориши сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов дар бораи вазъи хатти тамоси ҷангӣ изҳор дошт, хабар медиҳад сомонаи Кремл.

Ин отшабас ба муносибати иди "Пасха" эълон шуд ва раоснаҳои русӣ онро “оташбасӣ идӣ” ҳам унвон кардаанд.

"Бо ба назар гирифтани шароитҳои инсондӯстона, имрӯз аз соати 18:00 то соати 00:00 шаби якшанбе ба душанбе, ҷониби Русия “оташбаси Пасха”-ро эълон мекунад. Ман фармон медиҳам, ки дар ин давра ҳамаи амалиётҳои ҷангӣ қатъ шаванд. Вале нерӯҳои мусаллаҳи Русия бояд омода бошанд, ки аз эҳтимоли вайронкунии режими оташбас ва тахрибкориҳо аз ҷониби душман дифоъ кунанд",- гуфтааст Владимир Путин.

Ҷониби Украина дар ин бора  то ҳол шарҳе надодааст.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки аз талошҳои Амрико барои дарёфти роҳи ҳалли мусолиматомез истиқбол мекунад.

Ёдовар мешавем, ки баъди ҳамлаи бедалели Русия ба Укрина дар 24-уми феврали соли 2022 ҳазорҳо нафар аз ҳарду ҷониб кушта шуда, зарари расида беҳисоб аст. Кишварҳои зиёде кӯшиш доранд, ки роҳбарияти ду кишварро сари мизи музокирот шинонда, ба хатми ҷанг маҷбур кунанд, вале то ҳол бетнатиҷа аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио