Ҳамаи иштирокчиёни мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2025 маълум шуданд. Тоҷикистон ҳам ҳаст

FIFA U17 World Cup-2025 – мусобиқоти қаҳрамонии 20-уми ҷаҳон оид ба футбол миёни наврасони то 17-сола аз 3 то 27 ноябр дар Давлати Қатар бургазор мешавад. Дар он бори нахуст 48 даста иштирок карда, ҳамаи онҳо аллакай маълум шуданд. Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд. […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

FIFA U17 World Cup-2025 – мусобиқоти қаҳрамонии 20-уми ҷаҳон оид ба футбол миёни наврасони то 17-сола аз 3 то 27 ноябр дар Давлати Қатар бургазор мешавад. Дар он бори нахуст 48 даста иштирок карда, ҳамаи онҳо аллакай маълум шуданд.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд.

Дар Ҷоми Осиё мунтахаби Ӯзбекистон дар гурӯҳи “А” бо 9 хол дар зинаи аввали ҷадвал қарор гирифт. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон низ бо 6 имтиёз зинаи аввалро дар гурӯҳи “D” касб кард. Қаҳрамони пешинаи ҷаҳон миёни наврасон мунтахаби Олмон аст. Мусобиқаи пешина соли 2023 дар Индонезия баргузор шуда буд.

Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) чанде пеш эълон кард, ки минбаъд мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон миёни наврасони то 17-сола ҳар сол гузаронида мешаванд, на як бор дар ду сол.

Ғайр аз ин, шумори иштирокчиён низ тағйир меёбад: дар мусобиқоти минбаъда на 24, балки 48 даста иштирок хоҳанд кард.

Дастаҳо (48 даста) тибқи радабандӣ (рейтинг) ба 4 сабад ҷудо карда шудаанд. Маросими қуръапартоӣ рӯзи 24 май дар Давҳа баргузор мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон пеш аз қуръапартоӣ дар сабади 3-юм қарор дорад.

Сабадҳои мусобиқот пеш аз қуръапартоӣ

Сабади 1. Қатар, Бразилия, Фаронса, Мали, Олмон, Мексика, Аргентина, Ҷопон, Англия, Парагвай, ИМА, Сенегал.

Сабади 2. Корея, Италия, Марокаш, Ӯзбекистон, Белгия, Чили, Зеландияи Нав, Хорватия, Колумбия, Гондурас, Венесуэла, Буркина-Фасо.

Сабади 3. Коста-Рика, ТОҶИКИСТОН, Индонезия, Панама, Кореяи Шимолӣ, Кот-Д'Ивуар, Тунис, Каледонияи Нав, Канада, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Австрия, Гаити.

Сабади 4. Боливия, Чехия, Миср, Салвадор, Фиҷи, Португалия, Ирландия, Арабистони Саудӣ, Швейтсария, Амороти Муттаҳидаи Араб, Уганда, Замбия.

Ёдрас мекунем, ки дар мусобиқоти Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон 4 бозӣ гузаронида, то даври чаҳорякниҳоӣ расид ва ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2025 роҳхат гирифт.

Ба ин тариқ, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) маротибаи 3-юм дар таърихи худ ба даври финалии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт. Қаблан наврасони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ (соли 2007) ва Бразилия (соли 2019) ширкат варзида буданд.

Илова мекунем, ки ФИФА ба Қатар барои баргузории мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасони то 17-сола дар давраи аз соли 2025 то 2029 ҳуқуқ додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.