spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Наворҳои экстримистиро дар саҳифааш ҷой медод” Ҷузъиёти парвандаи домуллое, ки рақсу сурудхониро дар тӯй манъ кард

Абдуҳаннон Усмонов, рӯҳонии 51-солаи тоҷик, ки монеи рақсу сурудхонӣ дар тӯйи бародарзодааш гардида, бо ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон 6 сол равонаи зиндон шуда буд, барои пайравӣ ба равияи дар Тоҷикистон мамнӯи “Салафия” ва монеъ шудан ба таҳсили духтараш айбдор шудааст.

Рӯзномаи “Хатлон” бо такя ба Варқа Зайниддин, ёвари калони Додситонии вилояти Хатлон навиштааст, ки Абдуҳаннон Усмонов тарзи намозгузорияшро мисли  тарафдорони равияи динии “Салафия” (дар Тоҷикистон манъ аст) адо мекард ва дар сомонаҳои интернетӣ аъмоли вазъгӯёни ташкилотҳои экстремистӣ -террористиро пайваста тамошо намуда, ҳамақидагӣ нишон додааст.

“Ӯ 16 майи соли 2022 дар шабакаи иҷтимоӣ бо номи мустаор ба худ саҳифаи алоҳида кушода, мунтазам нашру видеонаворҳои хусусияти экстремистидоштаро дар саҳифаи интернетиаш ҷой медодааст. Абдуҳаннон Бурҳонов, ки маълумоти динӣ надорад, ин маводро ба дигар шаҳрвандон паҳн карда, бо ин роҳ ба фаъолияти ин ташкилоти мамнӯъ мусоидат намудааст", – гуфтааст ин ёвари додистонӣ.

Варқа Зайниддин аз ҳодисаи рӯзи 15-уми январи соли 2023 ёдоварӣ кардааст, ки Абдуҳаннон Усмонов монеъи баргузории туйи бародарзодааш шуда, “аз рӯйи ақидаҳои экстремистиаш баргузории базму мусиқиро дар тўй ҳаром шуморида, асбоби садобаландкунандаи сарояндаро чаппа намуда, рафти баргузории тӯйро пурра манъ кардааст”.

Ба иттилои додситонӣ, ин домулло хилофи моддаи 41 Конститутсияи Тоҷикистон монеи таҳсили духтараш дар мактаби миёна шудааст.

Варқаи Зайниддин гуфтааст, духтари домулло бояд дар солҳои хониши 2014-2015 ба синфи якум мерафт. Падараш ӯро ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  набурда, аз таҳсил дур намудааст.

“Дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии Усмонов А. Б. ноболиғ Самиева М. аз лаҳзаи ба синни мактабӣ расидан то инҷониб ягон маротиба ба муассисаи таълимӣ нарафта, таҳсилоти умумии  ҳатмӣ нагирифта, дар ягон дарс иштирок накардааст”, – афзудааст ёвари калони прокурори вилоят.

Додгоҳи Вилояти Хатлон, Абдулҳаннон Усмоновро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ, 307, иловаи 3 қисми 2, яъне “даъват ба ифротгароӣ” ва 164 (монеъ шудан ба таҳсили ҳатмӣ) гунаҳкор дониста, ӯро ба 6 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Ба равияи мамнӯи “Салафия” шогирд омода мекард”. Боздошти домулло барои таълими ғайриқонунии динӣ

Маълум нест, Абдулҳанон Маннонов дар додгоҳ чӣ гуфтааст ва мавқеи наздиконаш чист. Ҳамчунин, аз ҷараёни мурофиаи додгоҳии ӯ низ ҳеҷ гуна маълумот паҳн нашудааст ва он чӣ гуна ҷараён гирифт, номаълум аст.

Исми домулло Абдуҳаннон Усмонов замоне расонаӣ шуд, ки дар як наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, монеи рақсу сурудхонӣ дар туй гардида, меҳмононро меронд.

Навори дашном ба меҳмонон ва рондани мардум аз хона барои рақсу бозӣ хашми корбаронро барангехт. Бисёриҳо рафтори ӯро танқид карда, хостори таҳқиқи он аз ҷониби мақомоти зиддахл шуданд.

Вазорати корҳои дохилӣ наворро шарҳ дода, рӯзи 27-уми январ гуфт, рӯҳонӣ Абдулҳаннон Маннонов ҷашни арӯсии ҷиянашро дар ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён баҳам задааст.

Худи Маннонов дар навори мақомоти корҳои дохила гуфт, ки аз асабоният чунин рафтор кард ва умед дорад, мардум ӯро мебахшанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...