spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

ВАО: Ҳамсари собиқ президенти Қазоқистон аз насаби Назарбоев даст кашид

Сара Назарбоева, ҳамсари расмии собиқ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз насаб (фамилия)-и ӯ даст кашид, хабар медиҳад Arbat.media.

Тавре ки Telegram-канали Shishkin_like хабар медиҳад, дар бораи бекор шудани ақди никоҳи Нурсултон Назарбоев ва Сара Назарбоева иттилои расмӣ нашр нашудааст ва дар дар сомонаҳои расмии фонди Нурсултон Назарбоев ва президенти аввал nazarbayev.kz дар бораи он, ки Сара Алписовна мисли пешина ҳамсари президент аст, маълумот ҷойгир карда шудааст.

Тибқи феҳристҳои тиҷорат, собиқ хонуми аввали кишвар ҳамчун соҳибкори инфиродии корхонаи “Назарбоева Сара Алписовна” ба қайд гирифта шуда (17 феврали 2017), роҳбари он Қонақай Сара Алписқизи мебошад. Ин номи духтарии ӯ пеш аз издивоҷаш бо Нурсултон Назарбоев дар соли 1962 аст.

Гуфта мешавад, ҳамсари расмии Назарбоев дар байни солҳои 2005 ва 2012 насабашро иваз кардааст, "бо назардошти он, ки вай дар депозитарияи ҳисоботи молиявии Вазорати молия дар шахсони вобастаи ҶС “Бахши фаръии Бонки Халики Қазоқистон оид ба суғуртаи ҳаёт Halyk-Life” аз 4 феврали соли 2012 сабт шудааст».

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоқаев ҳамсари Назарбоевро аз комиссияи кор бо занҳо ихроҷ кард

Дар соли 2005 вай то ҳол бо номи Назарбоева дар рӯйхати филиалҳои ҶС “Холдинговая группа «Алмэкс» аз 19 сентябри соли 2005 қарор дошт, ки онро домодаш Тимур Қулибоев сарварӣ мекард.

Саҳифаи Instagam-и муассиси фонди хайрияи “Бобек” аз 15 апрели соли 2018 навсозӣ нашуда, дар он ҷо насаби ӯ Назарбоева аст.

Сара Алписовнаи 82-сола бо Нурсултон Назарбоеви 82-сола се фарзанд доранд: Дариғаи 59-сола, Алия Назарбоеваи 43-сола ва Динора Қулибоеваи 55-сола.

Хабаргузории КазТАГ рӯзи 15 апрел иттилоъ дод, ки дар интернет бобати нафаре бо номи Тауман Назарбоев, ки "писари ғайриқонунии Нурсултон Назарбоев" номида шудааст, маълумоти муфассал нашр мешавад.

“Тауман Нурсултанули – писари Назарбоев аз зани сеюми ғайрирасмӣ Асел Қурмонбоева (Мисс Қазоқистон-1999)  мебошад. Тауман 18-сола аст. Асел Қурмонбоева соли 2008 барои Назарбоев писари дуюм – Байкенро низ ба дунё овард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Асел Қурмонбоева

Сокинони Остона кайҳост мегӯянд, ки Тауман бо А.Майдонова (соли таваллудаш 2005) никоҳ кардааст. Падари Майдонова – Алмасадам Саткалиев баъди ба вохӯриҳо оғоз намудани духтараш бо Тауман вазири энергетикаи Қазоқистон шуд”, – зикр мегардад дар навори видеои интернет.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...