Созмони Милали Муттаҳид метавонад моҳи оянда тарҳҳояшро дар Афғонистон қатъ ва кормандони хориҷиашро аз он кишвар берун барад, агар натавонанд Толибонро ба иҷозаи фаъолияти занон дар ин созмон мутақоид созад.
Дар ин бора Аким Стайнер, роҳбарои Барномаҳои рушди СММ дар суҳбат бо расонаҳо хабар додааст.
Қаблан Толибон фаъолияти занонро дар ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла тарҳҳои СММ манъ кардаанд. Рӯзи 5-уми апрел СММ хабар дод, ки Толибон расман талаб кардаанд, занони афғонистонӣ дар ҳайати маъмурияти СММ дар ҳудуди Афғонистон кор накунанд.
Аким Стайнер гуфт, айни замон намояндагони СММ бо Толибон ба умеди дарёфти иҷозаи фаъолияти занон дар маъмуриятҳои башардӯстонаи СММ гуфтугӯ доранд.
Толибон баъди сари қудрат омадан дар моҳи августи соли 2021 қадам ба қадам ҳуқуқҳои занони афғонистониро маҳдуд карданд. Онҳо аввал вазорати кор бо занонро барҳам доданд, баъдан танҳо ба кӯча баромадани занонро манъ карданд. Ба занону духтарон иҷоза надоданд, ки бо варзиш машғул шаванд ва занони наттоқи телевизионҳоро маҷбур намуданд, ки ҳиҷоб пӯшанд. Ба ин тартиб, таҳсили духтарони аз синфи шаш болоро иҷоза надоданд ва донишҷӯдухтаронро низ нагузоштанд, ки таҳсилоти олӣ гиранд.
Ҳамаи ин маҳдудиятҳо барои занон дар ҳоле, ки пештар, пас аз ишғоли қудрат дар Кобул Толибон ваъда дода буданд, ҳуқуқи занонро ҳимоя хоҳанд кард.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.