Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд

Филми “Сарчашма” (ба забони русӣ филм бо номи “Унгерния” муаррифӣ шуд) аз Тоҷикистон дар Фестивали XIII байналмилалии филмҳои кӯтоҳи давлатҳои ИДМ, кишварҳои Балтик ва Гурҷистон, ки дар Бишкек бо номи “Қирғизистон — кишвари филмҳои кӯтоҳ” баргузор гардид, сазовори ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” гашт. Филми “Сарчашма” дар заминаи студияи “Тоҷикфилм” ва дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии синамо […]

Asia-Plus

Филми “Сарчашма” (ба забони русӣ филм бо номи “Унгерния” муаррифӣ шуд) аз Тоҷикистон дар Фестивали XIII байналмилалии филмҳои кӯтоҳи давлатҳои ИДМ, кишварҳои Балтик ва Гурҷистон, ки дар Бишкек бо номи “Қирғизистон — кишвари филмҳои кӯтоҳ” баргузор гардид, сазовори ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” гашт.

Филми “Сарчашма” дар заминаи студияи “Тоҷикфилм” ва дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии синамо ва телевизиони шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз ҷониби коргардон тоҷик Пайрав Шарифов ба навор гирифта шудааст. Наворбардори ин филм Муъмин Латифӣ аст. Ҷоиза ба коргардони дуюми филм Одина Маҳмад супорида шуд. 

Филм дар бораи пирамарде бо номи Ҳошим аст, ки барои пос доштани арзишҳо ва анъанаҳои неки аҷдодаш талош мекунад. Ҳошим баъди дар хоб дидани ҳамсари вафоткардааш дарк мекунад, ки барои пайвастан ба абадият вақти каме мондааст. Аз ин сабаб, пеши худ ҳадаф мегузорад, қабл аз он ки дунёро тарк кунад, бояд оилаи худро боз ҳам муттаҳид намояд. Барои ҳамин, ӯ писаронашро водор мекунад, ки корҳои худро як сӯ гузошта, бо ӯ ба кӯҳҳо раванд. Дар ин кӯҳҳо ӯ замоне бо ҳамсараш асрори муҳаббату садоқати ҷовидонӣ ёфта буд.

 

Дар ин филм нақши асосиро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Фирӯз Умаров бозидааст. Ҳамчунин дар филм ҳунармандони боистеъдоди тоҷик Парвиз Пулодӣ, Усмон Қудратов, Нурулло Қараев, Ҷовидон Маҳмадов ва Зулфия Содиқова нақш офаридаанд.

Бояд гуфт, Фестивали XIII байналмилалии филмҳои кӯтоҳи давлатҳои ИДМ, кишварҳои Балтик ва Гурҷистон аз 22 то 25-уми апрел дар шаҳри Бишкек баргузор шуд. Тибқи иттилои дастандаркорони фестивал, дар он зиёда аз 900 дархост аз синамогарони боистеъдод аз кишварҳои хориҷӣ ва ҳамчунин аз муаллифони ватанӣ ворид гардид.

 

Ёдовар мешавем, ки Пайрав Шарифов ва Одина Маҳмад аз коргардонҳои ҷавон ва аллакай муваффақи тоҷик ҳастанд. То н лаҳза чандин филмҳои таҳиякардаи онҳо дар ҷашнвораҳои кино сазоворӣ ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст.

Аз ҷумла, чанде пештар филми “Фурӯғ”-и Одина Маҳмад дар Кинофестивали байналмилалии филмҳои ҷавонон "МО" низ таваҷҷуҳи ҳакамон ва тамошобинонро ҷалб карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.