Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд

Имрӯз, 26-уми апрел, Валерий Герасимов, сардори ситоди кулли артиши Русия ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури ин кишвар гузориш дод, ки вилояти Курс аз низомиёни Украина пурра озод шудааст. Иддаое, ки мақомоти низомии Украина рад кард. Валерий Герасимов гуфт, дар озод кардани вилояти Курск сарбозони Кореяи Шимолӣ низ саҳми назаррас гузоштаанд. “Мехоҳам саҳми хоссаи сарбозони Ҷумҳурии […]

Asia-Plus

Имрӯз, 26-уми апрел, Валерий Герасимов, сардори ситоди кулли артиши Русия ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури ин кишвар гузориш дод, ки вилояти Курс аз низомиёни Украина пурра озод шудааст. Иддаое, ки мақомоти низомии Украина рад кард.

Валерий Герасимов гуфт, дар озод кардани вилояти Курск сарбозони Кореяи Шимолӣ низ саҳми назаррас гузоштаанд.

“Мехоҳам саҳми хоссаи сарбозони Ҷумҳурии Халқии Демократии Кореяро, ки тибқи Созишномаи ҳамкории стратегӣ байни кишварҳои мо дар озод кардани минтақаҳои марзии Курск аз нерӯҳои низомии Украина гузоштанд, таъкид мекунам”, – гуфтааст Герасимов.

Пештар Маскав ҳузури низомиён аз Куриёи Шимолиро ҳеҷ гоҳ эътироф накарда буд. Украина ва кишварҳои дигари ғарбӣ борҳо ба ҳузури беш аз 10 ҳазор низомии Куриёи Шимолӣ дар вилояти Курск ишора карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, Ситоди кулли артиши Украина изҳороти Герасимов ба Путинро рад карда, гуфт, то ҳол дар Курск ҳудудҳои муайянро дар ихтиёр дорад ва меҷангад.

“Амалиёти дифоии артиши Украина дар минтақаҳои муайяни вилояти Курск идома дорад. Вазъ душвор аст, вале воҳидҳои мо вазифаҳои худро иҷро мекунанд ва бо истифода аз ҳама гуна аслиҳа, ҳамчунин тактикии мудофиаи фаъол, ба душман зарба мезананд”, – зикр мешавад дар изҳороти Ситоди кулли артиши Украина.

Бояд гуфт, артиши Украина ба вилояти Курск моҳи августи 2024 ҳуҷум кард. Онҳо тақрибан 1000 км мураббаро ишғол карданд. Он замон ҷониби Украина таъкид мекард, ки минтақаҳои ишғолкардааш дар Курск ҳангоми музокирот бо Русия бо заминҳои аз сӯйи Русия ғасбшудааш табодул хоҳад шуд. Аммо баъдан онро тадриҷан аз даст дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.