Ҳукми ду нафар бо иттиҳоми куштори як ҷавон дар Конибодом. Наздикони маҳкумшудаҳо аз ҳукм норозианд

Date:

Наздикони Беҳзодҷон Холзода ва Муслиҳиддин Фахруддинов, ду сокини ноҳияи Мастчоҳ, ки бо гумони куштори Амрулло Боймирзоев, як ҳамкори худ барои 30 сол аз озодӣ маҳрум шуданд, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва қасд доранд, аз болои ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят баранд.

Амрулло Боймирзоев шаби 22 ба 23-юми октябри соли 2024 дар ҷамоати Патари Конибодом кушта пайдо гардид. Бо гумони куштор Беҳзодҷон Холзода ва Муслиҳиддин Фахруддинов, ки бо Амрулло Боймирзоев якҷо дар корхонаи коркарди пахта дар ин шаҳр кор мекарданд, боздошт шуданд.

Бо гузашти шаш моҳ, Додгоҳи вилояти Суғд ду боздоштшударо дар куштори Боймирзоев гунаҳкор дониста, охири моҳи апрели соли равон онҳоро барои 30 сол равонаи зиндон кард. Вале пайвандони ҳарду маҳкумшуда бо ин ҳукм розӣ нестанд ва талош доранд ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят баранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Полвон Гулов, падари Муслиҳиддин Фахруддинов имрӯз, 6-уми май, зимни суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” ба бегуноҳии писараш таъкид карда, гуфт,  ки тамоми мурофиаи додгоҳӣ пушти дарҳои баста гузашт ва то ҳол нусхаи ҳукмро нагирифтаанд, то ба зинаи болоии додгоҳ муроҷиат кунанд.

“Мо ба бегуноҳии фарзанди худ бовар дорем, онҳо бо Амрулло дар як ҷо калон шуданд, ба ҳам меҳрубон буданд. Мо волидон намедонем фарзандони мо чӣ ҳолу аҳвол доранд ва дар кадом шароит гуноҳро ба зимма гирифтанд. Ҳукм қувваи қонунӣ нагирифта бошад ҳам, шикояти кассатсиониро навишта тайёр кардем ва то дастгоҳи президент мебароем”, – гуфт ӯ.

Ин мард нигаронӣ кард, ки дар тули 6 моҳе, ки фарзандаш дар боздоштгоҳ буд, натавонист ӯро бинад ва танҳо як маротиба зану фарзандаш ӯро дар боздоштгоҳ диданд.

Наздикони Беҳзодҷон Холзода ҳам дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, ки аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва аз ба зинаи болоии додгоҳ шикоят хоҳанд кард.

Фарҳодҷон Холзода гуфт, вақте додарашро дар Боздоштгоҳи муваққатӣ дид, “Беҳзодҷон исрор кард, ки ҳатто аз куштор дарак надошт”.

Ҳамсуҳбати мо, бо такя ба нақли Беҳзодҷон афзуд, ки “ҳодисаи куштори Амрулло соати 3-3:30 дақиқаи шаб рух дод ва ду маҳкумшуда дар он вақт ғарқи хоб будаанд. Онҳо баъди субҳ дамидан ва азми ба кор рафтан аз куштор огоҳ мешаванд, аммо бо гузашти чанд руз ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор аз тарафи милитсияи Суғд боздошт мегарданд”.

Ӯ низ ба бегуноҳии бародараш таъкид карда, илова намуд, ки “Амруллоро дар қатори мо дӯст медошт ва эҳтиром мекард. Ягон ғараз дар дилаш набуд, ягон бор миёни онҳо баҳсу нофаҳмӣ ҳам нашуда буд".

Назари мақомот  дар ин қазияи дастрас нест. “Азия-Плюс” тули шаш моҳ борҳо талош кард, то шарҳи ин ҳодисаро расман дастрас кунад, вале бо “далели халалдор накардани рафти тафтишот” онҳо иттилоъ ироа накарданд.

Падари Амрулло Боймирзоев дар сӯҳбатҳои қаблӣ ба “Азия-Плюс” гуфта буд “кӣ ва чаро куштани писарашро намедонад, марги писараш қомати ӯро шикастааст ва ӯ намедонад чӣ гӯяд ва чӣ кор кунад”.

 

Таърихчаи ҳодиса

Амрулло Боймирзоев, ки дар коргоҳи коркарди пахта кор мекард, шаби 22 ба 23-юми октябри соли гузашта дар ҷамоати “Патар”-и шаҳри Конибодом дар шароити мармуз кушта шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Амрулло Боймирзоев

Он замон Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи ин ҳодиса гуфта буд, ки дар робита ба куштори Боймирзоев ду ҳамкори ӯро боздошт кардаанд ва онҳо “бар пояи хусумат ва барои ба даст овардани пули корхона” даст ба ҷиноят задаанд.

“Мақсади содир кардани ҷинояти одамкушӣ ин ба даст овардани маблағи пулӣ мебошад, ки рӯзи ҳодиса ба корхонаи пахтатозакунӣ бояд ворид шуда ҷабрдида Амрулло Боймирзоев бевосита бо он сару кор доштааст”, навишт РВКД дар вилояти Суғд.

Ин ниҳод гуфта буд, ки Боймирзоевро “бо расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ бо истифода аз чубдаста ва бӯғи кардан тавассути ресмони синтетикӣ ба ҳалокат мерасонанд”.

Дар наворе ки ин ниҳод нашр карду маълум нест, таҳти чӣ шароит сабт шудааст Беҳзодҷон Холзода ва Муслиҳиддин Фахруддинов куштори ҳамкорашонро эътироф мекунанд. 

Замони куштори Боймирзоев “авҷи кушторҳо” дар шаҳри Конибодом буд. Он замон тахмин мерафт, ки ӯ низ қурбони кушторҳои шаҳри Конибодом шуд, аммо баъдан мақомот аз боздошти гумонбарон хабар доданд.

Ёдовар мешавем дар шаҳри Конибодом аз моҳи март то декабри соли 2024 23 аъзои 7 оила ба таври мармуз кушта шуданд. Ҳоло 4 нафар бо гумони содир кардани ин кушторҳо боздошт шудаанд ва тафтиши ҳодисаҳо идома дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...