“Хиёнат ба ҷони паноҳҷӯён”. Амрико паноҳҷӯёни Афғонистонро ба ватанашон мефиристад

Вазорати амнияти дохилии ИМА эълон кард, ки барномаи “Мақоми ҳимояти муваққатӣ” (TPS) барои шаҳрвандони Афғонистонро, ки аз режими "Толибон"* дар Афғонистон фирор карда, дар Амрико зиндагӣ доранд, бекор мекунад. Як созмони мудофеи ҳуқуқи паноҳҷӯён ин тасмимро аз воқеият дур хонда, онро “хиёнат ба ҷони амонати паноҳҷӯён” унвон кардааст. Кристи Ноем, вазири амнияти дохилии ИМА ин тасмимро ба […]

Asia-Plus

Вазорати амнияти дохилии ИМА эълон кард, ки барномаи “Мақоми ҳимояти муваққатӣ” (TPS) барои шаҳрвандони Афғонистонро, ки аз режими "Толибон"* дар Афғонистон фирор карда, дар Амрико зиндагӣ доранд, бекор мекунад. Як созмони мудофеи ҳуқуқи паноҳҷӯён ин тасмимро аз воқеият дур хонда, онро “хиёнат ба ҷони амонати паноҳҷӯён” унвон кардааст.

Кристи Ноем, вазири амнияти дохилии ИМА ин тасмимро ба беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ ва амниятӣ дар Афғонистон рабт додааст.

“Мо шароитро дар Афғонистон бо шарикони байниидоравиамон баррасӣ кардем ва ин шароит ба талаботи гирифтани мақоми ҳимояти муваққатӣ мувофиқат намекунад. Бинобар ин, афғонистониҳо метавонанд бидуни таҳдид ба ҳаёташон ба ватани худ баргарданд”, – гуфтааст Моем.

Муҳлати барномаи “Мақоми ҳимояти  муваққатӣ” барои шаҳрвандони Афғонистон 20-уми майи соли 2025 ба охир мерасад.

Мақомоти ИМА таъкид кардаанд, ки ба ғайр аз ин, нисбати баъзе дорандагони ин мақом бо иттиҳоми қаллобӣ ва таҳдид ба амнияти миллӣ тафтиш ба роҳ монда шудааст.

Созмонҳое, ки аз ҳуқуқи паноҳандагони афғон дифоъ мекунанд, бо тасмими маъмурияти Доналд Трамп мухолифат карданд. Аз ҷумла, созмони "Бунёди Афғонистон" (Afgan Evac) ин амалро “хиёнат” ба онҳое номид, ки тӯли ду даҳсолаи ҳамкорӣ бо нирӯҳои ин кишвар ҷони худро дар хатар гузоштаанд.

Тибқи иттилои "Бунёди Афғонистон", ки дар кӯчонидани афғонистониҳо иштирок кардааст, дар ҳоли ҳозир тақрибан 11 ҳазор афғонистониҳо мақоми муҳофизати муваққатӣ доранд.

Шон Ван Дивер, раиси ин созмон гуфтааст, “тасмими лағви мақоми муваққатии ҳимоят аз афғонистониҳо на ба воқеият, балки аз сиёсат реша мегирад”.

 “Афғонистон таҳти назорати Толибон боқӣ мемонад ва кушторҳо, боздоштҳои худсарона ва нақзи ҳуқуқи башар, бахусус ҳуқуқи занон ва ақаллиятҳои этникӣ идома дорад”, – гуфтааст раҳбари "Бунёди Афғонистон".

TPS ба шаҳрвандони кишварҳои муайян иҷозат медиҳад, ки дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ кунанд ва кор кунанд, то вазъият дар кишвари онҳо беҳбудӣ ёбад. Ин барнома то кунун аз ихроҷи бисёре аз шаҳрвандони Афғонистон аз ИМА ҷилавгирӣ кардааст.

Ин муқаррарот барои афғонистониҳои соли 2022, як сол баъди дар Афғонистон сари қудрат баргаштани “Толибон” ҷорӣ шуд.  

Афғонистониҳое ки бар асоси ин санад дар ИМА зиндагӣ мекунанд, собиқ ҳамкорони низомиён ва ё ҳукумати Амрико дар Афғонистон ва аҳли оилаҳои онҳо мебошанд, ки аз тарси интиқоми “Толибон”* аз Афғонистон фирор кардаанд.

Акнун баъди 20-уми май онҳоро ихроҷ таҳдид мекунад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.