Куриёи Ҷанубӣ барои навсозии бахши кишоварзӣ ва таҳкими иқтидори иқлим дар Тоҷикистон беш аз 18 миллион доллар ҷудо мекунад

Date:

Дар ин бора аз Сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" иттилоъ дода, гуфтанд, ин маблағ дар доираи ду созишнома, ки рӯзи 16-уми май миёни Оҷонсии ҳамкории байналмилалии Куриёи Ҷанубӣ ва ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расиданд, ҷудо мегардад.

Яке аз ин созишномаҳо барои иваз кардани таҷҳизоти насосӣ ва барқӣ дар чаҳор истгоҳи насосии ноҳияи ба номи Рӯдакӣ равона шудааст. Дар доираи он Куриёи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон аз соли 2025 то 2029, 10,5 миллион доллар пул ҷудо мекунад.

Лоиҳа ба баланд бардоштани дастрасӣ ва самаранокии оби обёрӣ тавассути иваз кардани таҷҳизоти насосӣ ва барқӣ дар чаҳор истгоҳи насосии ноҳияи Рӯдакӣ равона шудааст.

Ин лоиҳа ҳамчунин ҳамкориҳои техникиро дар бар мегирад, аз ҷумла омӯзиши мутахассисони тоҷик аз ҷониби коршиносони Куриёи Ҷанубӣ дар маҳалҳо ва баргузории барномаҳои тавонмандсозӣ дар ин кишвар.

Лоиҳаро Хон Сокхва, ноиби президенти KOICA ва Зафарбек Давлатзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Созишномаи дуюм барои бунёди гармхонаҳои боғдорӣ дар шаҳри Ҳисор равона шудааст ва барои амалӣ гардидани он дар 5 соли оянда аз тарафи Куриёи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон 8 миллион доллар ҷудо мегардад.

Лоиҳа аз ҷониби Нигина Анварӣ, муовини Вазири кишоварзии Тоҷикистон ва Хон Сокхва имзо шуда, мақсад аз он баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ ва даромад тавассути таъсиси инфрасохтори комплексии боғдории гармхона мебошад. Лоиҳа сохтмони гармхонаҳои муосир ва иншооти марбута, барномаҳои омӯзишии техникӣ, инчунин дастгирии истеҳсоли растаниҳо ва чорабиниҳои пас аз даравро дар бар мегирад. Ин равиши якҷоя интизор меравад, ки техникаи муосири кишоварзӣ ҷорӣ карда шавад ва шароити зиндагии деҳқонон дар минтақа беҳтар гардад.

Бояд гуфт, ки робитаҳои Тоҷикистон ва Куриёи Ҷанубӣ дар чанд соли охир ба таври назаррас таҳким ёфтааст. Ин кишвар бо Тоҷикистон барои ирсоли муҳоҷирони корӣ тавофуқ кард, теъдоди бурсияҳояшро барои донишомӯзони тоҷик зиёд карда ва барои бунёди аввалин метро дар кишвар бо мутахассисони тоҷик якҷо кор мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...