“Чаро барои хатои дигарон, мо пул диҳем?”. Ҷарима барои қоидавайронкунии ронандагони нақлиёти ҷамъиятиро кӣ бояд пардохт кунад?

Дар Тоҷикистон маблағи ҷарима барои қоидавайронкунӣ дар роҳро бояд худи ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ пардохт кунанд. Ин уҳдадорӣ дар шартномаи тарфайн миёни корхона ва ронанда муқаррар гардидааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз “Душанбенақлиётхадамотрасон” хабар доданд. Ронандаҳо бошад, бо ин қарор пурра розӣ нестанд. Ба гуфтаи намояндагони “Душанбенақлиётхадамотрасон”, ниҳоде, ки нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанберо танзим мекунад, […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон маблағи ҷарима барои қоидавайронкунӣ дар роҳро бояд худи ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ пардохт кунанд. Ин уҳдадорӣ дар шартномаи тарфайн миёни корхона ва ронанда муқаррар гардидааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз “Душанбенақлиётхадамотрасон” хабар доданд. Ронандаҳо бошад, бо ин қарор пурра розӣ нестанд.

Ба гуфтаи намояндагони “Душанбенақлиётхадамотрасон”, ниҳоде, ки нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанберо танзим мекунад, ронанда ҳангоми кор уҳдадор аст, қоидаҳои ҳаракатро риоя намояд, вагарна ҷарима барои қоидавайронкуниро худаш пардохт мекунад. Яъне маблағи ҷарима аз маоши ронанда пардохт мешавад.

“Ин уҳдадорӣ дар шартнома миёни ронанда ва корхона муқаррар шудааст. Аммо агар, ронанда қоидаҳои ҳаракатро дар пайи таваққуфи нодуруст ва ё эҷоди монеа аз ҷониби ронандагони дигар вайрон карда бошад, имкон ҳаст ингуна ҳолат бозбинӣ шавад” – гуфтанд дар муассиса.

Чӣ тавре ба мо шарҳ доданд, тафсири ҳолатро барои бозбинӣ ва баррасӣ метавонад худи ронанда ба ниҳодҳои дахлдор, аз ҷумла ба БДА ва ё тариқи сомонаҳои барои ин муқарраргардида, пешниҳод намояд. 

Аксари ронандагони нақлиёти ҷамъяитӣ бо ин тартиб пурра розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, маошашон он қадар зиёд нест, ки боз аз ин ҳисоб ҷаримаҳоро пардохт кунанд. Ба гуфтаи ронандаи автобусе, ки нахост номаш ишора шавад, ронандагони автобусу троллейбусҳо бештар қоидаҳоро ҳангоми таваққуф дар истгоҳ вайрон мекунанд.

 

“Мо қариб ки дар истгоҳ истода наметавонем. Ронандаҳои таксӣ, микроавтобусҳо ва таксиҳои ба қавли мардум “10 – сомона” бароямон монеа меофаранд, садди роҳамонро мегиранд ё дар ҷойи исти мо таваққуф мекунанд ва мо маҷбур мешавем хатро зер кунем ё дар ҷойи мамнӯъ таваққуф намоем” – нақл кард ӯ.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, чунин бесарусомонӣ махсусан дар истгоҳҳои “Қарияи боло” ва “Автовокзал” рух медиҳанд ва на ҳамеша ингуна ҳолатҳо пас аз баррасии дубора бекор мегарданд.

Ин ронандаи автобус мегӯяд, дуруст аст, ки ронанда барои қоидавайронкуниҳояш бояд ҷавоб гӯяд, вале дар аксари ҳолатҳо гуноҳи онҳо нест. 

“Ин ноадолатист. Чаро барои бемасъулиятиву нодонии дигарон мо бояд пул диҳем?!” – мегӯяд ӯ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.