Дарёфти ду ҷасад аз обҳои Тоҷикистон дар як рӯз

Дирӯз, 21-уми май, аз обҳои кишвар ҷасади ду нафар пайдо гардидааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод,  субҳи 22-юми май, ҷасади сокини 7-солаи кӯчаи Ваҳдати шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш пайдо шудааст. Ӯ нисфирӯзии 15-уми май ҳангоми гирифтани об аз ҷӯйбори назди хонаашон ба об афтода ва ғарқ гардидааст. Ҷасади ин ноболиғ тақрибан 400 метр поёнтар аз […]

Дирӯз, 21-уми май, аз обҳои кишвар ҷасади ду нафар пайдо гардидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод,  субҳи 22-юми май, ҷасади сокини 7-солаи кӯчаи Ваҳдати шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш пайдо шудааст. Ӯ нисфирӯзии 15-уми май ҳангоми гирифтани об аз ҷӯйбори назди хонаашон ба об афтода ва ғарқ гардидааст. Ҷасади ин ноболиғ тақрибан 400 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса дарёфт ва ба волидонаш супурда шудааст.

Ҳамчунин, ба навиштаи КҲФ, дирӯз, дар шаҳри Турсунзода ҷасади як марди 41-сола аз канали Шайх Музаффари деҳаи Қаратоғ ёфт ва ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шудааст. Ӯ сокини ҳамин деҳа буда, ҳангоми нӯшидани об дар ҳолати мастӣ дар ҷӯйбор ба об афтодааст.

Ҷузъиёти бештари ин воқеаҳо маълум нест.

Бояд гуфт, бо оғози мавсими гармӣ ҳодисаҳои ғарқ шудани одамон дар обу дарёҳои кишвар зиёд расонаӣ мешавад.

Тибқи иттилои КҲФ танҳо соли 2024 дар обанборҳои Тоҷикистон 179 нафар ғарқ шуданд.

Ба иттилои ин ниҳод, дар 25%-и ҳолатҳо одамон бо сабаби беэҳтиётӣ ва дар 19%-и ҳолатҳо – дар робита ба риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар обанборҳо ҳалок шудаанд.

Дар 12%-и ҳолатҳо сабабҳои ғарқшавӣ номаълум буда, дар 9%-и ҳолатҳо одамон бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ғарқ шудаанд, 9%-и ҳолатҳо ба фориғболиву хунукназарии волидон, 5% – дар робита ба худкушӣ даст задан ва 2% – дар натиҷаи мастӣ аз машрубот марбутанд.

Дар робита ба ин, КҲФ аз сокинон пайваста даъват мекунад, ки дар мавсими гармӣ кӯдакону наврасонро бе назорат нагузоранд ва эҳтиёткор бошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.