Талафоти барқ дар кадом шаҳру навоҳии кишвар аз ҳама зиёдтар аст?

Date:

Соли 2024 талафоти нерӯи барқ 4,5 млрд киловатт-соат ё худ 20% ва дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 1,3 млрд киловатт-соат ё худ 20,5%-ро ташкил дод. Дар ин бора рӯзи 17-уми май Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни семинар-машварате дар ноҳияи Данғара хабар дод.

Талафоти нерӯи барқ дар шаҳру навоҳии кишвар дар семоҳаи аввали соли равон чунин аст:

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Тавре Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ғайр аз ин, ҷамъоварии пули истифодаи барқ 83,5%, аз ҷумла 89,9% аз аҳолиро ташкил додааст, ки ғайриқаноатбахш аст.

Ӯ хотирррасон кард, ки барои пешгирии нақзи қонунгузорӣ дар низоми энергетикии кишвар, роҳандозии назорати қатъӣ аз болои истифода нерӯи барқ ва пурра бартараф сохтани талафоти барқ дар кишвар Агентии назорати давлатии энергетикӣ таъсис ёфта, дар қонунгузорӣ барои истифодаи ғайриқонунии барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷорӣ шуд.

Сарвари давлат ба ҳамаи сохторҳои марбута дастур дод, ки ба ҳар як оилаи кишвар мазмуну муҳтавои муқаррароти нави қонунгузорӣ ҳамаҷониба ва мушаххас шарҳу тавзеҳ дода шаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...