Ҳушдори IRS ба ронандагон: дар роҳи Душанбе – Чаноқ эҳтиёткор бошед!

Date:

Рӯзҳои ахир дар роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ якчанд садамаи нақлиёти ҷиддии марговар рух дод.

Ширкати IRS, ки ба нигаҳдорӣ ва хидматрасонии ин роҳ масъул аст, ба оилаҳои ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намуда, аз ронандагон даъват кард, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд ва эҳтиёткор бошанду тавсияҳои кормнадони БДА ва хадамоти таъҷилиро ба инобат гиранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS хабар доданд.

“Тибқи маълумоти БДА ВКД-и ҷумҳурӣ, сабабҳои аслии садамаҳои нақлиёт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадан, ба хатти муқобили ҳаракат дар роҳ баромадан ва ба хоб рафтани ронандагон сари чанбараки мошин мебошад”, – гуфтанд дар ширкат.

Ҳамчунин илова намуданд, ки дар қад-қади роҳ тадбирҳои пешгирӣ тақвият дода шуда, барои ронадагон эълонҳои огоҳикунанда гузошта шудааст.

Садамаи нақлиёти рӯзи 26 май: 2 нафар ҳалок шуданд

Дар километри 66-уми роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд дар ноҳияи Айнӣ автомашинаи тамғаи Mercedes-Benz таҳти идораи сокини деҳаи Похут ба ҷарии чуқуриаш 400-500 метр чаппа мешавад. Дар дохили мошин 4 нафар будаанд.

Дар натиҷа ду мусофири мошин ба ҳалокат расида, ронанда ва боз ду каси дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Тибқи фарзияи пешакӣ, ронадаи аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст. Яке аз ҳалокшудагон сокини деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ва дуюмӣ – аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ будааст.

Фоҷеаи рӯзи 15 май: мураббии варзиши шиноварӣ ҳалок шуд

Дар ин рӯз дар ин шоҳроҳ боз як садамаи фоҷеабор рух дода, дар натиҷа мураббии маъруф оид ба варзиши шиноварӣ Марина Ипатий ба ҳалокат расид. Мошини ҳамроҳи ӯ, дугонааш ва ронанда низ ба ҷарӣ сарозер рафт.

Марина Ипатий дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, дугонааш ва ронанда ҷароҳатҳои вазнин гирифтанд.

Бино ба маълумоти ВКД, давоми моҳҳои январ-апрели соли 2025 дар ҷумҳурӣ 174 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки 24 ҳолат зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аст. Соли 2024 1 233 садамаи нақлиёт сабт шуда буд. Бар асари онҳо 552 нафар ҳалок ва 1353 кас ҷароҳат бардоштанд.

Қаблан ширкати IRS сабабҳои дар тамоми масофаи роҳи Душанбе – Хуҷанд мавҷуд набудани саддҳои бетониро шарҳ дода буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...