Баъди боздошти ректори пешин, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ректори нав таъин гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ректори нав таъин гардид. Ректори пешини ин донишгоҳ бо иттиҳоми фасодкорӣ қариб ду моҳ пеш боздошт шуда буд. Имрӯз, 28-уми май, Мирзотоҳир Набизода, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъин гардид. То лаҳзаи таъин гардидан ба ин […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ректори нав таъин гардид. Ректори пешини ин донишгоҳ бо иттиҳоми фасодкорӣ қариб ду моҳ пеш боздошт шуда буд.

Имрӯз, 28-уми май, Мирзотоҳир Набизода, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъин гардид.

То лаҳзаи таъин гардидан ба ин вазифа, Набизода ба ҳайси муовини ректори ДДХ оид ба таълим фаъолият дошт.

Мирзотоҳир Набизода муаррих ва ҷомеашинос аст. Ӯ солҳои зиёд дар вазифаҳои мутахассиси пешбари шуъбаи илм, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси ҳукумати вилояти Суғд, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд фаъолият кардааст.

 

Тақдири норӯшани ректори пешин

Ректори ҳамакнун пешини ДДХ Аюб Усмонзода моҳи марти соли ҷорӣ бо иттиҳоми фасодкорӣ боздошт гардида буд. Мақомоти расмӣ боздошти ректори пешинро то ҳол шарҳ надодаанд. Талошҳои мо ҳам барои дастрас кардани иттилоъ расмӣ аз мақомоти амнияти вилоят бесамар анҷомид.

 

Аммо як манбаи “Азия-Плюс” дар ДДХ ва як манбаи дигар дар мақомоти тафтишоти вилояти Суғд тасдиқ карданд, ки Аюб  Усмонзода 11-уми март аз сӯйи мақомоти амнияти вилоят боздошт гардид.

Он замон ҳамсар ва фарзанди Аюб Усмонзода далели боздошти шавҳарашро тасдиқ кард, аммо нахостанд дар бораи тафсилоти он суҳбат кунад.

Ба иттилои манобеи мо, ректори ДДХ барои фасодкорӣ гумонбар аст, аммо маълум нест, ки сухан мушаххас сари чанд пул ва дар кадом ҳолатҳо меравад.

Ҳоло тақдири Аюб Усмонзода номаълум боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.