Радабандии беҳтарин шаҳрҳои ҷаҳон: Душанбе дар мақоми 683-юм қарор гирифт

Дар радабандии нави ҷаҳонии шаҳрҳо – Oxford Economics Global Cities Index-2025, пойтахти Тоҷикистон – Душанбе миёни 1000 шаҳри ҷаҳон дар мақоми 683-юм қарор гирифт. Тибқи радабандии беҳтарин шаҳрҳои ҷаҳон, ки аз ҷониби ширкати байналмилалии машваратии Oxford Economics нашр шудааст, бузургтарин шаҳри Қазоқистон – Алмато миёни шаҳрҳои Осиёи Марказӣ пешсаф гаштааст. Ин шаҳр мақоми 258-умро касб […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар радабандии нави ҷаҳонии шаҳрҳо – Oxford Economics Global Cities Index-2025, пойтахти Тоҷикистон – Душанбе миёни 1000 шаҳри ҷаҳон дар мақоми 683-юм қарор гирифт.

Тибқи радабандии беҳтарин шаҳрҳои ҷаҳон, ки аз ҷониби ширкати байналмилалии машваратии Oxford Economics нашр шудааст, бузургтарин шаҳри Қазоқистон – Алмато миёни шаҳрҳои Осиёи Марказӣ пешсаф гаштааст. Ин шаҳр мақоми 258-умро касб кардааст.

Шаҳри Алмато дар бахши “сармояи инсонӣ” натиҷаи махсусан баланд гирифта, мақоми 64-умро соҳиб шуд, ки мақоми онро ҳамчун маркази зеҳнӣ ва рушди баланди илму маориф дар минтақа таъкид мекунад.

Дар радабандии шаҳрҳои Осиёи Марказӣ пас аз Алмато Остана бо мақоми 276-ум ҷой гирифт, ки дар бахшҳои иқтисод ва сармояи инсонӣ нишондиҳандаҳои хуб дошт, вале дар бахшҳои муҳити зист ва сифати идоракунӣ баҳои нисбатан паст гирифтааст.

Тошканд мақоми 471-ум дар ҷаҳон ва мақоми севвумро дар минтақа гирифт, Бишкек дар мақоми 498-ум ва Ишқобод дар мавқеи 623-юм қарор гирифтанд.

Пойтахти Тоҷикистон, Душанбе, дар мақоми 683-юм қарор гирифт, вале зарфияту имконоти он барои беҳбуди ҷойгоҳҳои худ тавассути муосирсозии инфрасохтор, беҳтар намудани сифати идоракунии шаҳрӣ ва тақвияти сармояи инсонӣ махсус таъкид гардид.

Дар радабандӣ боз ҳам Ню-Йорк пешсаф аст. Пас аз он Лондон ва Париж қарор доранд. Дар даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳо Сан-Хосе, Сиэтл, Бостон, Сан-Франсиско, Мелбурн, Сидней ва Токио шомиланд.

Ҳангоми радабандии шаҳрҳо панҷ ҷанбаи калидӣ ба назар гирифта мешавад: иқтисод, сифати зиндагӣ, муҳити зист, идоракунӣ ва сармояи инсонӣ.

Ёдовар мешавем, ки дар радабандии беҳтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои мутахассисони хориҷӣ, ки Mercer соли 2024 таҳия кард, Душанбе мақоми 216-умро гирифт. Ҳангоми таҳияи ин раддабандӣ сифати зиндагӣ, инфрасохтор, маориф ва арзиши зиндагӣ ба назар гирифта мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.