Дар Тоҷикистон зуком аз байн рафта, ба ҷои он бемориҳои шадиди роҳҳои нафас хурӯҷ кардааст

Як таҳлили Озмоишгоҳи миллии референсии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон нишон додааст, ки дар пайи тағйири шадиди ҳаво ва тӯфони чангу ғубори чанд рӯзи охир бемориҳои шадиди роҳҳои нафас хурӯҷ кардааст. Аз ин вазорат ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сироятҳои шадиди роҳи метавонад боиси авҷ гирифтани дигар бемориҳо, аз қабили ҳассосият (аллергия) ва нафастангӣ […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Як таҳлили Озмоишгоҳи миллии референсии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон нишон додааст, ки дар пайи тағйири шадиди ҳаво ва тӯфони чангу ғубори чанд рӯзи охир бемориҳои шадиди роҳҳои нафас хурӯҷ кардааст.

Аз ин вазорат ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сироятҳои шадиди роҳи метавонад боиси авҷ гирифтани дигар бемориҳо, аз қабили ҳассосият (аллергия) ва нафастангӣ гардад.

Аз ин ниҳод таъкид карданд, ки дар кишвар ягон ҳолати паҳншавии оммавии зуком ба қайд гирифта нашудааст ва мавсими гардиши ин вирус ба охир расидааст.

“Дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандон аз нишонаҳои шабеҳи коронавирус шикоят карданд, аммо Вазорати тандурустӣ таъкид мекунад, ки дар Тоҷикистон сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст”,- гуфтанд аз вазорат.

Ин ниҳод ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки дар сурати пайдо шудани нишонаҳои бемории коронавирус дар Маркази миллии тиббии Шифобахш (Қарияи Боло), Маркази ташхисии тиббӣ (Диогностика) ё ташхисгоҳҳои хусусӣ муроҷиат кунанд ва аз ташхис гузаранд.

Ёдовар мешавем, ки аз 18-уми феврали соли 2022 дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт низ аз моҳи апрели соли 2024 инҷониб гузориш додани ҳамарӯзаи ҳодисаҳои COVID-19-ро қатъ кард.

 

Аломатҳои бемории шадиди роҳи нафас

Илтиҳоби шадиди роҳҳои нафаскашӣ дар байни аҳолӣ бештар маъмул аст. Ин сироятҳо равандҳои илтиҳобиро дар бар мегиранд, ки аз ҷониби микроорганизмҳои гуногун дар роҳҳои нафаскашӣ ба вуҷуд меоянд.

Роҳҳои асосии интиқоли бемориҳои сироятии роҳи нафас тавассути ҳаво ва тамос мебошанд. Заъф, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди буғумҳо, хунукхӯрӣ ва табларзаи доимӣ аз аломатҳои асосии сирояти роҳҳои нафас мебошад.

Ҳамчунин дарди бинӣ, сулфа, дарди гулӯ ва дарди гӯш низ аз аломатҳои ҷузъии ин навъи беморӣ аст. Ин зуҳуротро ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар якҷоягӣ мушоҳида кардан мумкин аст.

Вазорати тандурустӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар ҳолати пайдо шудани аввалин аломатҳои сироятшавӣ ба пизишк муроҷиат кунанд. Пизишк барои муайян кардани намуди дақиқи сирояте, ки ба бадан ворид шудааст ва табобати мувофиқ кӯмак мекунад. Ин роҳ барои кӯтоҳ кардани давомнокии беморӣ ва коҳиш додани хатари мушкилоти ҷиддӣ мусоидат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.