Вазири маориф гуфт, қатъи маблағгузории Шарикии глобалӣ норасоии мактабу омӯзгор дар Тоҷикистонро зиёд мекунад

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар ҳамоише гуфтааст, ки дар сурати қатъи маблағгузорӣ аз сӯи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф “таҳсил дар деҳот душвор гардида, мушкили норасоии мактаб ва омӯзгор меафзояд”. Ӯ ин нуктаро рӯзи 3-юми июн дар ҷаласаи Шӯрои Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф  (GPE) зикр карда, дар суханронии худ оид ба мушкилоти […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар ҳамоише гуфтааст, ки дар сурати қатъи маблағгузорӣ аз сӯи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф “таҳсил дар деҳот душвор гардида, мушкили норасоии мактаб ва омӯзгор меафзояд”.

Ӯ ин нуктаро рӯзи 3-юми июн дар ҷаласаи Шӯрои Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф  (GPE) зикр карда, дар суханронии худ оид ба мушкилоти ҷиддии соҳаи маориф дар пайи коҳиши маблағгузории шарикон таъкид кардааст.

Вазири маориф бо ишора ба лоиҳаи нави Шарикии глобалӣ, ки то соли 2030 коҳиши маблағгузориро дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, гуфтааст, ин “на танҳо дастрасиро ба дастгирии молиявӣ барои ислоҳоти низоми маориф маҳдуд мекунад, балки иштироки кишварҳоро дар дигар механизмҳои маблағгузорӣ низ душвор месозад ва суботи рушди низоми миллии маорифро зери хатар қарор медиҳад”.

“Кӯдакони минтақаҳои деҳот, духтарон, шахсони имконияташон маҳдуд ва намояндагони гурӯҳҳои осебпазир то ҳол ба монеаҳои низомӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Дар бисёре аз кишварҳои минтақа то ҳол мушкилоти норасоии инфрасохтор, камбуди мутахассисон ва ноустувории механизмҳои идоракунӣ ҷой доранд”,- гуфтааст вазири маориф.

Раҳим Саидзода бо ишора ба афзоиши аҳолӣ ва дар пайи ин зиёд шудани  сармоягузорӣ дар сохтмони мактаб ва тайёр кардани омӯзгорон, гуфтааст, “дастгирии пайвастаи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф ба кишварҳои мо имкон медиҳад, ки ба татбиқи ҳадафи 4-и рушди устувор-таъмини таҳсилоти босифат ва фарогир барои ҳама, саҳми воқеӣ гузошта шавад”.

Ӯ пешниҳод кардааст, “ба ҷои маҳрумсозии пурра, бояд дастгирии қисман, бо такя ба меъёрҳои объективӣ – аз ҷумла сатҳи осебпазирӣ, суръати афзоиши аҳолии ҷавон ва нобаробарии дастрасӣ ба таҳсил, пешбинӣ гардад”.

“Маҳрум гардидани кишварҳо аз дастрасӣ ба Гранти табдилдиҳии низоми маориф метавонад ин дастовардҳоро зери хатар қарор диҳад. …умедворем, ки маҳдудияти зикршуда бознигарӣ хоҳад шуд”,- умедворӣ кардааст вазири маорифи кишвар.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон соҳаи маориф бештар танқид мешавад ва дар кишвар норасоии омӯзгорон, таъмирталаб будани мактабҳо, рақамикунонии соҳаи маориф, норасоии китобҳои дарсӣ, таъмин набудани мактабҳо бо синфхонаҳои фаннӣ мавҷуд аст.

Барои бартараф кардани ин мушкилот дар баробари маблағҳои буҷетӣ, вазорати маориф аз хориҷи кишвар  лоиҳаву грантҳоро ҳам ҷалб мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.