Арманистон тоҷиконро ба кор даъват мекунад. Маош чанд, чӣ талабот дорад ва ба куҷо бояд муроҷиат кард?

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро барои кор дар Арманистон даъват кардааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки кор дар соҳаи сохтмон дар шаҳри Ирвон (Ереван) хоҳад буд. Манбаъ дар саҳифаи фейбукии худ навиштааст, ки музди кор аз 1 ҳазору 200 то 1 ҳазору 800 доллар дар як моҳ буда, нафарони аз 21 то 60-сола имкони […]

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро барои кор дар Арманистон даъват кардааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки кор дар соҳаи сохтмон дар шаҳри Ирвон (Ереван) хоҳад буд.

Манбаъ дар саҳифаи фейбукии худ навиштааст, ки музди кор аз 1 ҳазору 200 то 1 ҳазору 800 доллар дар як моҳ буда, нафарони аз 21 то 60-сола имкони рафтанро доранд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки ҷойи хоб ва асбобҳои корӣ аз ҷониби корфармо таъмин карда мешаванд.

Хадамоти муҳоҷират навиштааст, ки масраф барои хӯрок ба зиммаи худи коргар аст. Реҷаи кор 6 рӯз дар як ҳафта ва 8 соат дар як рӯз гуфта мешавад.

Аз довталабон танҳо нусхаи шиносномаи хориҷӣ ва рақами телефон, ки “WhatsApp” талаб карда мешавад.

Хадамоти муҳоҷират гуфтааст, ки барои маълумоти бештар дар ин маврид сокинон метавонанд бо рақамҳои 225-05-75, 550100005, 938131372, 905131373 ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.

Бояд гуфт, аксари муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия қарор дошта, солҳои охир ба фишор ва маҳдудиятҳои зиёд дар ин кишвар дучор мешаванд. Аз ин лиҳоз, мақомоти Тоҷикистон талош доранд барои гуногунсамт кардани бозори муҳоҷирати кишвар чораҳо андешанд.

Аз ҷумла, ба бозори кории Британияи Кабир ва Кореяи Ҷанубӣ ворид шудан мехоҳанд. Созишномаи ниҳоӣ оид ба ирсоли шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Корея моҳи октябри соли 2024 ба имзо расид ва гуфта мешуд, ки гурӯҳи аввали муҳоҷирон шурӯъ аз соли 2025 барои кор ба Корея мераванд.

Ҳамчунин,  Вазорат шаҳрвандони кишварро барои кор дар ширкати “Jusour” дар фурудгоҳи Қатар ба ҳайси фурӯшанда-мушовир даъват карда буд.

Ба гуфтаи вазорат музди меҳнат барои як моҳ 700-750 евро (беш аз 8000-8625 сомонӣ) буда, беш аз 50 нафар барои кор дар ин вазифа қабул карда мешаванд.

Аз ин пештар, шаҳрвандони кишварро барои кор дар Литва низ даъват карда гуфта буд, ки барои кор дар ин кишвар айни ҳол ба 60 корманд ниёз дорад.

Вале ҳоло маълум нест, ки дар доираи ин ҳамкориҳо ва пас аз даъвати ин кишварҳо чанд нафар соҳиби ҷои кор шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.