Дар парлумон се фраксия ва як гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ таъсис шуд. Онҳо чӣ нақш доранд?

Дар парлумон ё Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон се фраксия ё гурӯҳи ҳизбӣ ва як гурӯҳи ғайриҳизбии вакилон таъсис шудааст. Ба иттилои дафтари матбуоти парлумон, фраксияҳо ва гурӯҳи ғайриҳизбӣ дирӯз, 4-уми июн дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон тасдиқ гардидааст. Манбаъ навиштааст, ки се ҳизби сиёсии кишвар фраксияҳои худро таъсис додаанд: – Факсияи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), […]

Дар парлумон ё Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон се фраксия ё гурӯҳи ҳизбӣ ва як гурӯҳи ғайриҳизбии вакилон таъсис шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти парлумон, фраксияҳо ва гурӯҳи ғайриҳизбӣ дирӯз, 4-уми июн дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон тасдиқ гардидааст.

Манбаъ навиштааст, ки се ҳизби сиёсии кишвар фраксияҳои худро таъсис додаанд:

Факсияи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), аз 42 нафар иборат буда, сарварии онро Шариф Ҳакимзода ба зимма дорад;

Фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ), аз 7 нафар иборат буда, бо сарварии Рустам Латифзода ба уҳда дорад;

Фраксияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ), аз 5 нафар иборат буда, Ғиёсиддин Ашурзода сарварии онро ба уҳда дорад.

Гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ аз 7 нафар иборат буда, Маҳмудзода Насрулло роҳбари он шудааст.

Дар хабар омадааст, амалӣ гардидани институти фаъолияти фраксияҳои ҳизбӣ ва гурӯҳҳои вакилон "ба плюриализми сиёсӣ ва гуногунандешӣ шароит фароҳам оварда, нишонаи боэътимоди демократияи солим аст".

Тибқи моддаи 52 қонун дар бораи Маҷлиси олии Тоҷикистон, вакилони парлумон барои изҳори дастаҷамъонаи ақидаҳои сиёсии худ, амалӣ гардонидани барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботӣ ҳуқуқ доранд дар фраксияву гурӯҳҳо муттаҳид шаванд.

Барои таъсиси фраксия ҳизб дар палатаи поёнии парлумон бояд на камтар аз 5 намоянда дошта бошад. Узвият дар фраксия озод аст.

Ёдрас мешавем, ки дар даъвати пешини палатаи поёнии парлумон низ (2020-2025) се фраксия ва як гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ амал мекард. Он замон низ ҲХДТ, ҲАТ, ҲИИТ бо ҳамин миқдор аъзо фраксия доштанд. Вале дар даъвати соли 2015-2020 танҳо ду ҳизби сиёсии кишвар – ҲХДТ ва ҲАТ фраксия доштанд.

Дар ин пайванд дар бораи раис ва муовинони Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, раисони кумитаву комиссияҳои парлумон маълумот гиред.

 

Дар парлумон кадом ҳизб соҳиби чанд курсӣ шуд?

Ҳайати нави вакилони даъвати ҳафтуми Маҷлиси намояндагон зимни интихоботе, ки рӯзи 2-юми марти соли 2025 баргузор шуд, интихоб гардиданд. Аз 63 курсии парлумон 49 тои онро ҲХДТ соҳиб шуд, ки ин ду курсӣ бештар нисбат ба парлумони даъвати пешин аст.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон 7 курсӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 5 курсӣ, Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон яктогӣ курсии парлумонро соҳиб шуданд. Натиҷае, ки панҷ соли пеш ҳам сабт шуда буд.

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бори аввал натавонист ҳеҷ курсиеро дар парлумон соҳиб шавад. Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ иштирок накард ва сабаби иштирок накарданашро ҳам шарҳ надод. Ин ҳизб ҳарчанд солҳои пеш дар интихобот иштирок мекард, аммо ҳеҷ гоҳ соҳиби мандат нашудааст.

Имсол нозирони САҲА аз назорат ва чанд расонаи мустақили дохилӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла “Азия-Плюс” Радиои Озодӣ ва BBC аз бозтоби интихоботи парлумонӣ маҳрум шуданд.

Дар ин матлаби “Азия-Плюс” дар бораи кӣ ва аз кадом ҳизбу ҳавза вакили парлумон интихоб шуд, хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.