Таъсиси се фраксия ва як гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ дар парлумони нави Тоҷикистон

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон фраксияҳои се ҳизб ва як гурӯҳи вакилони ғайриҳизбиро ба қайд гирифт. Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ин бора қарорҳои дахлдор қабул шуданд. Аз ҷумла, фраксияи Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон иборат аз 42 нафар вакилон, фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон бо 7 нафар вакилон ва фраксияи Ҳизби […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон фраксияҳои се ҳизб ва як гурӯҳи вакилони ғайриҳизбиро ба қайд гирифт.

Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ин бора қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Аз ҷумла, фраксияи Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон иборат аз 42 нафар вакилон, фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон бо 7 нафар вакилон ва фраксияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон иборат аз 5 нафар вакилон ба қайд гирифта шуд.

Ғайр аз ин, як гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ иборат аз 5 нафар вакилон низ сабт шуд.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи 1 марти соли равон баргузор шуд.

Аз 63 курсии вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон 47-тоаш насиби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон шуд.

Ҳамчунин 7 номзади Ҳизби аграрӣ, 5 намояндаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, 2 узви Ҳизби коммунист, 1-тогӣ намояндагони Ҳизби демократ ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон низ вакили парлумон интихоб шуданд.

Мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, барои таъсиси фраксия ҳизб дар палатаи поёнии парлумон бояд на камтар аз 5 намоянда дошта бошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.