Истеҳсолу пешниҳоди ройгони ниқоби тиббӣ дар донишгоҳ

Бо мақсади пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии коронавирус, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, биснес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) воқеъ дар шаҳри Хуҷанд истеҳсоли ниқоби тиббӣ ва тақсими ройгони он ба роҳ монда шудааст. Ниқобҳои тиббиро духтароне, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд, дар вақтҳои фориғ аз таҳсил бо назардошти меъёрҳои зарурӣ таҳти роҳбарии мутахассисон медӯзанд.  “Дар донишгоҳ маҳфили “Ганҷи ҳунар” амал мекунад, ки дар […]

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Бо мақсади пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии коронавирус, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, биснес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) воқеъ дар шаҳри Хуҷанд истеҳсоли ниқоби тиббӣ ва тақсими ройгони он ба роҳ монда шудааст.

Ниқобҳои тиббиро духтароне, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд, дар вақтҳои фориғ аз таҳсил бо назардошти меъёрҳои зарурӣ таҳти роҳбарии мутахассисон медӯзанд. 

“Дар донишгоҳ маҳфили “Ганҷи ҳунар” амал мекунад, ки дар он ба донишҷӯён ҳар гуна касбҳо, аз ҷумла, дӯзандагӣ омӯзонида мешавад. Аксари духтарон аъзои ин маҳфил буда, ҳамарӯза 10-15 нафар ба дӯхтани ниқобҳои тиббӣ машғуланд. Роҳбарияти донишгоҳ онҳоро бо маҳсулоти зарурӣ таъмин кардааст”, – гуфт Сино Ғафурӣ, мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ.

Ин ниқобҳо бисёркарата буда, барои дӯхтани он маҳсулоти ватанӣ истифода мешавад. Давоми 3-4 рӯз беш аз 1000 ниқоб дӯхта шудааст.

Масъулин ният доранд, ки ҳаҷми истеҳсолро афзуда, ба дигар муассисаҳо низ чунин ниқобҳоро пешниҳод кунанд.

“Ҳоло дар донишгоҳ барои пешгирӣ аз COVID-19 чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Дар анбори он антисептик захира гардид. Ҳамзамон дар соатҳои муайян долону толор ва дарсхонаҳои донишгоҳ бо маҳлули махсус безарар карда мешаванд”, – иброз дошт Сино Ғафурӣ

Қобили зикр аст, ки дар ДДҲБСТ беш аз 7 ҳазор донишҷӯ аз рӯйи 39 ихтисос таҳсил доранд. Аз ин шумора 4 ҳазор нафар дар шуъбаи рӯзона таҳсил мекунанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.