Мусобиқаи дучархаронӣ дар Хуҷанд бо дастгирии Tcell

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мусобиқаҳои ҷумҳуриявии велосипедронӣ дар шоҳроҳ ва трек баргузор шуданд. Дар сабқати дучархаронӣ дар шоҳроҳ қариб 60 варзишгар аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Ғолибони мусобиқа бо нишону сипосномаҳо аз ҷониби ширкатиTcell, Федератсияи велосипедронҳои ҶТ ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Бино […]

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мусобиқаҳои ҷумҳуриявии велосипедронӣ дар шоҳроҳ ва трек баргузор шуданд. Дар сабқати дучархаронӣ дар шоҳроҳ қариб 60 варзишгар аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Ғолибони мусобиқа бо нишону сипосномаҳо аз ҷониби ширкатиTcell, Федератсияи велосипедронҳои ҶТ ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Бино ба қавли Президенти Федератсияи велосипедронҳо, ҳамзамон ва сарвари кулли ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев, натоиҷи варзишии дучархасаворон аз мусобиқа то мусобиқаи дигар беҳтар гардида, дар оянда ният доранд дар мусобиқаҳои байналмилалӣ боз ҳам дар сатҳи беҳтар сабқат намоянд.

Ширкати мухобиротии Tcell сарпарасти аслии Федератсияи велосипедронони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои ширкат дастгирӣ ва кӯмаки молиявии чорабиниҳои варзишӣ аз аҳамияти муҳиму масъулияти иҷтимоӣ бархӯрдор мебошад. Бо тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баргузориву дастгирии мусобиқоти варзишӣ, Тcell саҳми худро дар ташаккули миллати солим ва ҷомеаи солим мегузорад.

Мусобиқа аз ҷониби Федератсияи велосипедронони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Кумитаи ҷавонону варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Tcell гузаронида шуд.

__________________

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.