Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 июни соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ 10 ИЮН

– Имрӯз соати 16:00 (ба вақти Душанбе) дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар варзишгоҳи “Ню-Кларк-Сити” (Филиппин) бо дастаи миллии Филиппин бозӣ анҷом медиҳад. Тоҷикистон дар ин бозӣ бо либоси сафед ва Филиппин бо либоси кабуд ба майдон мебарояд.

– Дар Тоҷикистон то 14 июн бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун марафони ихтиёрии хунсупорӣ баргузор мешавад. Ҳар як шахс метавонад дар маърака иштирок кунад.

Барои ин ба филиали наздиктарини Маркази ҷумҳуриявии хун ё ба маркази саломатии маҳаллӣ худ муроҷиат кардан лозим аст. Донор метавонад шаҳрванди Тоҷикистон бошад, ки аз 18 то 60 сол дошта, тарзи ҳаёти солимро пеш мебарад. Пеш аз супоридани хун донор аз муоинаи тиббии ройгон мегузарад. Шахсоне, ки хоҳиши иштирок карданро доранд, бояд бо худ шиносномаашонро дошта бошанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 10 ИЮН

Соли 2009 – Президенти кишвар дар Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) корхонаи собунсозӣ ва дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ корхонаҳои коркарди пахтаро мавриди истифода қарор дод.

Соли 2011 – Дар шаҳри Хоруғ шахсони номаълум муовини раиси додгоҳи вилоятро латтукӯб карда, ҳамзамон ба бинои Додгоҳи ВМКБ ва додситонии шаҳри Хоруғ зарари ҷиддӣ расониданд.

Соли 2015 – Вакилони парлумон ба Қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” тағйирот ворид карданд, ки мувофиқи он назорати даромадҳои молиявии ташкилотҳои ҷамъиятиеро, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мешавад, сахттар менамояд.

Соли 2020 – Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноятӣ ва маъмурии кишвар тағйирот ворид намуданд, ки тибқи он барои паҳнкунии қасдонаи бемориҳои сироятӣ (аз ҷумла ВНМО) ва инчунин паҳн кардани маълумоти носаҳеҳ ва дурӯғ дар бораи пандемия тавассути ВАО ҷазо ва ҷарима пешбинӣ мегардад.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1923 – Мавлуди Аминҷон Шукӯҳӣ, шоир, нависанда, тарҷумон, ва драманависи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аминҷон Шукӯҳӣ

Аминҷон Шукӯҳӣ яке аз намояндагони номвари адабиёти муосири тоҷик буда, чун шоири ошиқ ва нависандаи ашъори ишқӣ маъруф аст.

Ӯ яке аз аввалин хатмкунандагони риштаи журналистикаи Мактаби олии ҳизбии коммунист маҳсуб мешавад. Наздики 6 сол ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва 10 сол раиси Кумитаи телевизион ва радио будааст.

Аввалин маҷмӯаи шеърҳои Шукӯҳӣ соли 1948 бо унвони “Суруди чашмасор” чоп шудааст. Инчунин муаллифи маҷмӯаҳои “Ватани сулҳ”, “Рӯзҳои мо”, “Садои дил”, достони “Кӯчабоғи ошиқон”, силсилаи шеърҳои “Муҳаббат ва оила” ва дигарҳо мебошад.

Ӯ бо вуҷуди шоири лирик буданаш барои кӯдакон низ як силсила шеъру қиссаҳо навиштааст, ки қиссаҳои “Об аз куҷо меояд?” намунаи барҷастаи ин осор аст.

Аминҷон Шукӯҳи 10-уми июни соли 1979 дар рӯзи таваллудаш, дар 46-солагӣ аз олам чашм бастааст.

“Азия-Плюс” дар остонаи 100-солагии ин шоири тоҷик бо писари ӯ мусоҳиба ороста буд, ки дар ин пайванд метавонед, мутолиа кунед.

Соли 1934 – Зодрӯзи Ҷумъабой Азизқулов, пажӯҳишгар, тарҷумон ва донишноманависи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷумъабой Азизқулов

Соли 1958 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст.

Баъдан ходими илмии пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, муҳаррири илмӣ, мудири шуъба, котиби масъул, муовини сармуҳаррир ва сармуҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик буд.

Намунаҳои осори Саъдӣ, Савдо, Айнӣ, Лоҳутӣ, Ҳамдӣ ва дигаронро таҳқиқ ва барои чоп омода сохтааст.

«Пандномаи Синдбод» (1963), «Гулзори ҳикмат» (1966), «Китоби Ҳаким Синдбод» (1979, 2012) дар таҳия ва таҳқиқу тавзеҳи ӯ ба чоп расидаанд.

Чандин мақолаи Энсиклопедияи советии тоҷик ва маҷмӯаи мақолаҳои «Андӯхти рӯзгор» (2014) ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Қиссаву романҳои В.Шукшин «Суҳбати маҳтобшаб» (1981), А.Олимҷонов «Пайкони Маҳамбет» (1984), «Корвон меравад сӯйи Офтоб» (1966, ҳамроҳи Ҳ.Аҳрорӣ), А.Дюма «Се мушкетдор» ва «Граф Монте-Кристо», асарҳои алоҳидаи О.Гончар, И.Авиҷюс ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Ҷумъабой Азизқулов 13 августи соли 2021 аз олам даргузашт.

Соли 1936 – Зодрӯзи Субҳон Атоуллоев, забоншиноси тоҷик.

Соли 1938 – Мавлуди Фозил Тоҳиров, ҳуқуқшинос, собиқ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фозил Тоҳиров

Ӯ риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ аз соли 1966 то 1995 дар вазифаҳои гуногун дар ҳамин донишгоҳ фаъолият намудааст.

Солҳои 1990-1995 ректори Донишгощи миллии Тоыикистон буд. Сипас ба кори Академияи илмҳои ҶТ гузашт ва солҳои 1995-2006 саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва аз соли 2006 директори Пажуҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои, раиси Ҷамъияти «Дониш»-и Тоҷикистон буд.

Фозил Тоҳиров аз собиқадорони риштаи ҳуқуқ дар кишвар ба ҳисоб мерафт. Ба қалами ӯ 150 асару китоби илмӣ ва таълимӣ таълиф гардидааст.

Ин  ҳуқуқшиноси маъруф ва академик 16-уми августи соли 2022 дар синни 83-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ даргузашт.

Соли 1945 – Зодрӯзи Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Амонулло Қодиров

Амонулло Қодиров хатмкардаи Институти давлатии санъати театрии ба номи А.Луначарскийи шаҳри Маскав буда, зиёда аз 30 сол ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов буд.

Ӯ асосан бо иҷрои нақшҳои ҳаҷвӣ маъруф аст. Дар ин театр дар беш аз 60 намоишнома нақш офаридааст, аз қабили “Умри ҷовид”, “Латифаҳои деҳот”, “Якпула савдо, садпула ғавғо”, “Робиаи Балхӣ”, “Умед”, “Табиби зӯракӣ” ва ғайра.

Дар синамо бошад дар филмҳои “Субҳи Ганг”, “Достони Сиёвуш”, “Ҳафт арӯси дуздидашуда”, “Аспҳо дар моҳтобшаб”, “Хоби хирси сафед” образҳои дурахшон офаридааст.

Амонулло Қодиров 28-уми июни соли 2020 дар 75-солагӣ даргузашт.

Соли 1948 – Мавлуди Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик, номзади сабтнашудаи интихоботи президентии Тоҷикистон дар соли 2013.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова ҳуқуқшинос ва ходими ҷамъиятӣ, барандаи Ҷоизаи байнулмилалии “Зани Шуҷоъ”, номзади сабтнашудаи интихоботи президентии Тоҷикистон, мушовири пешини Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), собиқ сарвари “Бунёди Сорос” дар Тоҷикистон аст.

Соли 1971 ӯ риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар факултаи ҳуқуқшиносӣ ба кор сар кардааст. Тақрибан 20 сол он ҷо кор карда, 4 соли охири фаъолияташ декани факултаи ҳуқуқшиносӣ будааст.

Вақте бозсозӣ сар шуд, ба фаъолияти сиёсӣ пардохт. Соли 1990, дар пайи таъсис ёфтани Ҳизби демократи Тоҷикистон ба ин ҳизб пайваст ва увзи раёсати он шуд. Вақте ҳокимият нав шуд, Ойниҳол барои фаъолиятҳои сиёсияш ба зиндон афтод ва ду моҳ зиндониву панҷ соли дигар дар ҳабси хонагӣ будааст.

Баъдан ба фаъолияти иҷтимоӣ пардохт ва як муддат роҳбари Бунёди Сорос дар Тоҷикистон буд. бюаъдли солҳои 2010-ум дубора ба сиёсат омад ва соли 2013 ҳизбҳои мухолиф бо роҳбарии ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ Ойниҳол Бобоназароваро номзади ягонаи худ ба мақоми президенти Тоҷикистон пешниҳод карданд. Вале номзадии ӯ бо баҳонаи ҷамъ наовардани миқдори зарурии имзоҳо сабти ном нашуд ва ӯ натавонист дар интихобот ширкат кунад.

Ойниҳол Бобоназарова нахустин ва дар ҳоли ҳозир ягона тоҷикест, ки барандаи Ҷоизаи байнулмилалии “Зани Шуҷоъ” шудааст, ки ин ҷоизаро ба ӯ соли 2014 Мишел Обама, ҳамсари Барак Обама раиси ҷумҳури собиқи Амрико тақдим кардааст.

Соли 1955 –Зодрӯзи Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, донишманди ислом, сархатиби масҷиди Шайх Муслиҳиддин ва Раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода таҳсилдидаи мадрасаи “Мири Араб”-и Бухоро аст.

Ӯ дар ибтидои соли 1993 сархатиби масҷиди вилояти Суғд интихоб шуда, аз соли 1994 ҳамчун сархатиби масҷиди Шайх Муслиҳиддин ва ҳамзамон ноиби муфтии мусалмонони Тоҷикистон адои вазифа кардааст.

Ӯ аз моҳи майи соли 1997 инҷониб Раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд, сархатиби масҷиди Шайх Муслиҳиддин ва дар як вақт муовини Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон буд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ҳамчунин, муаллифи як қатор китобу таълифоти динӣ аст.

Соли 1962 – Зодрӯзи Зафар Аюбӣ, овозхони шинохтаи тоҷик.

Соли 2018 – Усмон Солеҳ, сармуҳаррири рӯзномаи “Ваҳдат”, роҳбари пешини дафтари матбуоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар 61-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 10 июн ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии яхмос таҷлил мегардад. Гумон меравад, ки маҳз 10 июни соли 1786 дар ИМА нахустин фурӯши оммавии яхмос ба роҳ монда шудааст. Гарчанде ин сана расман сабт нашудааст, вале ҳамчун рӯзи ҷашнӣ пазируфта шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Таърихи яхмос ба ҳазорсолаҳои пеш бармегардад. Дар Чини қадим ҳанӯз 3000 сол қабл хӯрокҳои сард бо омехтаи барф, ях ва мева омода мешуданд. Баъдтар дар ҳамин ҷо усули омехтани шир бо ях пайдо шуд, ки онро ҳамчун сирри давлатӣ нигаҳ медоштанд. Дар Юнону Исроили қадим низ шириниҳои хунук маълум буданд. Дар асри XVI дастури омодасозии яхмос ба Фаронса расид ва маҳз он ҷо яхмоси классикӣ бар асоси шир пайдо гардид.

10-уми июни соли 1936 дар шаҳри Маскав студияи машҳури филмҳои тасвирии “Союзмультфильм” таъсис ёфт. Аввалин филми он “Африқо гарм аст” ба шакли сиёҳу сафед буда, ҳамон сол ба навор гирифта шудааст. Соли 1937 нахустин филмҳои ранга ба намоиш баромаданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 1947 аввалин филми дарозмуддати аниматсионӣ бо номи “Конёк-Горбунок” рӯи саҳна омад. Соли 1953 Шӯрои филмҳои аниматсионӣ таъсис ёфт ва филми “Қалам ва Доғ – шикорчиёни шод” нахустин маҳсули он буд. Солҳои 1960-1970 силсилафилмҳои машҳури “Маугли”, “Винни-Пух”, “Крокодил Гена” ва дигарон офарида шуданд.

10-уми июни соли 1943 дар ИМА нахустин бор барои ручка ё худкор патент дода шуд. Гарчанде принсипи кори ин қалам ҳанӯз дар охири асри XIX пайдо шуда буд, намунаи монанди он, ки имрӯз истифода мешавад, соли 1938 аз ҷониби рӯзноманигори маҷористонӣ Ласло Биро ихтироъ гардидааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Пас аз он, Пойгоҳи ҳарбии Бритониё патенти онро харид, зеро истифодаи қалам бо сиёҳӣ мушкил буд. Биро баъдан ба Аргентина кӯчид ва он ҷо патентро сабт карда, онро ба ширкати “Eversharp” ба маблағи 1 миллион доллар фурӯхт ва ширкат истеҳсоли оммавии қаламро оғоз намуд.

Аммо 10 июни 1943 як тоҷири амрикоӣ бо номи Милтон Рейнолдс чунин қаламро дар ИМА патент кард. Биро кӯшиш кард, ки дар додгоҳ ҳуқуқи худро ҳимоя кунад, вале муваффақ нагардид. Соли 1958 Марсел Бик, ихтироъкори фаронсавӣ қаламро такмил дода, онро бо номи BIC ба бозор баровард, ки то ҳол дар бозори худкор аз пешсафон маҳсуб мешавад.

10 июни соли 1846 муҳандиси шотландӣ Роберт Томпсон барои чархи резинӣ (пневматики) патент гирифт. Чархи ихтироъшуда аз ду қисм иборат буд: камераи дохилӣ ва сарпӯши беруна.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аммо дар замони худ ихтироъ густариш наёфт. Пас аз марги Томпсон соли 1873 он фаромӯш гардид.

Танҳо соли 1888 Ҷон Данлоп, шотландии дигаре чархи пневматикиро барои дучархаи писараш ихтироъ кард. Сипас, пас аз ду сол Чайлд Кингстон Велчем сохти онро такмил дод ва ҳалқаҳои симиро ба он илова намуд, ки заминаро барои рушди саноати шинасозӣ фароҳам кард.

10-уми июни соли 1792 дар Париж нахустин боғи ҳайвоноти оммавӣ таъсис ёфт. Он дар асоси Осорхонаи таърихи табиӣ ташкил гардида буд. Дар ибтидо 65 ҳайвон ва 20 паранда ба он оварда шуданд. Дар даврони Наполеон боғи ҳайвонот васеъ гардида, то аввали асри XIX шумораи ҳайвоноташ ба 400 расид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

10-уми июн ҳамзамон Рӯзи ҷаҳонии санъати муосир аст. Ин ҷашн аз соли 2013 бо ташаббуси маҷаллаи маҷористонии “Szecessziós Magazin” дар Осорхонаи санъати амалӣ дар шаҳри Будапешт таҷлил мешавад.

Ин сана ба хотири ёдбуди ду меъмори бузурги муосир – Эден Лехнер ва Антонио Гаудӣ интихоб шудааст. Лехнер худ меъмори бинои осорхона дар Будапешт буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 10 ИЮНИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 19+24º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 15+20º гарм, рӯзона 27+32º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 26+31º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд. Дар минтақаҳои шарқии вилоят борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 31+33º гарм, дар шарқи вилоят шабона -1+4º, рӯзона 11+16º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, хокбориш ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 35+37º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 26+28º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...