Созмони ҷаҳонии метеорологӣ. Дар Осиёи Марказӣ ҳаво аз меъёр зиёдтар гарм мешавад, ки хеле ташвишовар аст

Date:

Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бояд таъҷилан ба хушксолиҳо, обшавии пиряхҳо ва боришоти ноустувор мутобиқ шаванд, вагарна хавфу хатарҳо дар масоили обу кишоварзӣ ва энергетика тақвият меёбанд. Дар ин хусус дар гузориши Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (WMO) зикр мешавад.

 

Хатари болоравии ҳарорат

Созмони ҷаҳонии метеорологӣ таҳти унвони “Дурнамои иқлимӣ барои солҳои 2025-2029” пешгӯии дарозмуҳлат нашр кард, ки мувофиқи он, давоми панҷ соли наздик дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон гармшавии доимӣ ва боришоти ноустувор дар назар аст.

Ҳамаи солҳои давраи 2025-2029 метавонанд аз меъёрҳои иқлимии солҳои 1991-2020 гармтар шаванд. Дар солҳои ҷудогона босуръат болоравии ҳарорати глобалӣ ба миқдори +1,5 °C дар муқоиса бо сатҳи тоиндустриалӣ имконпазир аст.

Миёни омилҳое, ки бар иқлими минтақа таъсир мерасонанд, шамоли мавсимӣ (муссон) дар Осиёи Ҷанубӣ (май-сентябр) мебошад, ки эҳтимоли боло рафтани он аз меъёр 82% аст. Ин барои бахши кишоварзӣ шароити ностувор ба вуҷуд меорад. Баъди тобистони намнок метавонад хушксолӣ ояд.

Обшавии пиряхҳои кӯҳӣ, аз ҷумла дар Помир, ки таъминот бо оби Амударё ва Вахш ба он вобаста аст, боиси нигаронии хос аст. Талафоти пиряхҳо маънои хавфи норасоии обро дошта, бозбинии сиёсат дар соҳаи обро тақозо мекунанд.

WMO пешгӯӣ мекунад, ки панҷсолаи 2025–2029 метавонад гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳо шавад. Ҳарорати глобалӣ 1,2–1,9 °C боло меравад. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Пирях

 

Баҳор обхезиву тобистон хушкӣ. Ин иқлими нав аст

Гузориши WMO “Вазъи иқлим дар қисмати Ҷанубу Ғарби Уқёнуси Ором 2024” ба минтақаи Уқёнуси Ором бахшида шуда, лекин хулосаҳои он аҳаммияти ҷаҳонӣ доранд. Соли 2024 расман гармтарин дар таърих эътироф шудааст. Ҳарорати миёна аз сатҳи тоиндустриалӣ 1,55 °C зиёд шуд.

Ин тағйирот аллакай бар ҷараёни атмосфера, давраҳои шамолҳои мавсимӣ (муссон) ва обшавии пиряхҳо дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла, Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад.

Барои Тоҷикистон, ки як кишвари баландкӯҳ аст, ин маънои обшавии барф пеш аз мӯҳлат ва кам шудани маҷрои об дар фасли баҳорро дорад. Обе, ки қаблан тӯли тобистон меомад, акнун метавонад танҳо дар чанд ҳафтаи баҳор ҷорӣ шавад, ки ин метавонад ҳам ба хушксолӣ ва ҳам обхезӣ боис гардад.

Бахусус дар шароити нигаҳдорӣ ва захираи маҳдуди об, чунин ҳолат метавонад ба таъмини амнияти озуқаворӣ хавфу хатарҳо ба вуҷуд орад.

Хавфи аз байн рафтани пиряхҳо иловагӣ вуҷуд дорад. Ба ин тариқ, тибқи маълумоти WMO, аллакай то соли 2026 пиряхҳои Индонезия метавонанд пурра об шаванд. Чунин ҳолат ба пиряхҳои Осиёи Марказӣ низ таҳдид мекунад. Ин хавфи мустақим ба пиряхҳои минтақа буда, ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон, ки ба неругоҳҳои барқи обӣ вобаста аст, инчунин низоми экологӣ ва бахши кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Гуфта мешавад, дар минтақа фалокатҳои иқлимӣ зиёд мешаванд: тӯфонҳои чангу ғубор, мавҷҳои гармӣ ва селҳо.

Дар ҳуҷҷат зарурати талошҳои ҳамоҳангшуда таъкид мешавад. Таҷдиди инфрасохтор, тақвияти мониторинги иқлим ва идоракунии муштараки захираҳои об вазифаҳои муҳим ва рӯзмарра мешаванд.

 

Хушксолӣ сарҳад надорад: Осиёи Марказӣ ба стратегияи ягона ниёз дорад

Дар гузориши “Арзёбии заминавии таъсири хушксолӣ” Осиёи Марказӣ минтақаи дорои хавфи баланди хушксолӣ номида шудааст. Дар ҳуҷҷат таъкид мешавад, ки идоракунии самаранок нисбати ин хавф бахусус дар ҳавзаи рӯдхонаҳои Амударё ва Сирдарё танҳо тариқи ҳамкории фаромарзӣ имконпазир аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сокинони деҳоти Тоҷикистон

Осиёи Марказӣ дар гузориш ба сифати иштирокчии Вохӯрии ҳафтуми Шабакаи глобалии ҳавзаҳои мутобиқшаванда ба тағйири иқлим (соли 2023) муаррифӣ шудааст.

Байни дигар минтақаҳое, ки бо Осиёи Марказӣ муқоиса шудаанд, Африқои Ҷанубӣ, Аврупо, Меконги Поён, Кубанго–Окаванго ва ғайра зикр шудаанд. Лекин чунин тадбирҳо ҳоло дар марҳилаи ибтидоӣ қарор доранд.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки бидуни роҳандозии муносибат ва равиши доимӣ, хушксолиҳо ба рӯйи кор омадани мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, кӯчбандии аҳолӣ ва мухолифатҳо дар масъалаи об боис мегарданд.

Сарфи назар аз мавҷуд набудани маълумоти мушаххас доир ба Тоҷикистон, аён аст, ки кишвар осебпазир мебошад. Стратегияи умумии минтақавӣ, ки хавфу хатарҳои иқлим ва талаботи истифодабарандагони обро ба инобат гирад, зарур аст.

Ҳамаи се гузориши WMO як ҳушдори мувофиқ ва нигаронкунанда мебошанд. Тоҷикистон ва ҳамсоягонаш бояд ба шароити нави иқлим мутобиқ шаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...