Шаҳрвандони Эрон аз бақайдгирии ҳатмӣ дар Тоҷикистон озод шуданд

Шаҳрвандони Эрон акнун метавонанд то 30 рӯз бидуни бақайдгирии ҳатмӣ дар Тоҷикистон ҳузур дошта бошанд. Ин ба туфайли қабули қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 29-уми майи соли 2025 имконпазир шуд, ки мувофиқи он ба қоидаҳои вуруд ва ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ тағйирот ворид гардид. Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин тағйирот дар доираи бозбинии қарори […]

Asia-Plus

Шаҳрвандони Эрон акнун метавонанд то 30 рӯз бидуни бақайдгирии ҳатмӣ дар Тоҷикистон ҳузур дошта бошанд. Ин ба туфайли қабули қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 29-уми майи соли 2025 имконпазир шуд, ки мувофиқи он ба қоидаҳои вуруд ва ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ тағйирот ворид гардид.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин тағйирот дар доираи бозбинии қарори ҳукумати ҶТ “Дар бораи Қоидаҳои ворид шудан ба ҶТ, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз ҶТ ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди ҶТ” сурат гирифт.

Мутобиқи он шаҳрвандони Эрон аз бақайдгирии ҳатмии шиносномаҳои худ дар мақомоти корҳои дохилии Тоыикистон ба муҳлати 30 рӯз аз санаи ворид шудан ба ҳудуди кишвар озод карда мешаванд.

“Ин тағйирот, ки бар асоси баробарӣ ворид шуд, нияти Тоҷикистонро баҳри беҳбуди шароит барои шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя таҷассум месозад. Ин дар навбати худ, ба таҳкими робитаҳои байнулмилалӣ ва соддаву осон кардани ҳамкориҳои мутақобила мусоидат менамояд”, – зикр мешавад дар хабар.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли равон президенти Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад.

Натиҷаҳои сафари давлатии президенти Эрон ба Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон “оғози марҳилаи нав дар рушд ва тавсеъаи муносибатҳои бисёрҷониба бо ин кишвари дӯсту бародар” арзёбӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо дар стаҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Эрон 23 санади ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла як қатор созишномаҳо ба маблағи зиёда аз 450 млн доллар ба имзо расиданд.

Ҳамчунин Тоҷикистон ва Эрон реҷаи раводидро осон карданд:. Шаҳрвандони давлатҳо ҳуқуқ пайдо намуданд, ки дар давраи 90 рӯз бидуни дарёфти раводид то 30 рӯз дар қаламрави ҳамдигар ҳузур дошта бошанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон 160 ширкат бо сармояи Эрон дар Тоҷикистон фаъолият дошта, ҳаҷми ҳамлу нақли молу маҳсулот байни кишварҳо дар муқоиса бо солҳои пешин 3,2 баробар афзудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.