Як размикори тоҷик бо Лигаи PFL қарордод ба имзо расонид

Фаридун Шоҳназаров, яке аз размикорони ояндадори ММА аз Тоҷикисто (4-0) бо яке аз Лигаҳои бузургтарини муҳорибаҳои омехта дар ҷаҳон – PFL қарордод ба имзо расонид. Рақобати нахусти ӯ дар промоушен 5-уми июл дар назар буда, созишнома барои гузаронидани ду қувваозмоӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” худи размикор хабар дод. Ҳоло номи рақиби якуми Фаридун Шоҳназаров номаълум буда, лекин […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Фаридун Шоҳназаров, яке аз размикорони ояндадори ММА аз Тоҷикисто (4-0) бо яке аз Лигаҳои бузургтарини муҳорибаҳои омехта дар ҷаҳон – PFL қарордод ба имзо расонид. Рақобати нахусти ӯ дар промоушен 5-уми июл дар назар буда, созишнома барои гузаронидани ду қувваозмоӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” худи размикор хабар дод. Ҳоло номи рақиби якуми Фаридун Шоҳназаров номаълум буда, лекин худи размикор гуфт, ки ҳам аз лиҳози ҷисмонӣ ва ҳам равонӣ комилан ба санҷишҳои нав омода аст.

“Ин қадами муҳим дар ҳунарнамоии касбии ман аст. Ман ба лигае меравам, ки дар он пурқуваттаринҳо ҳунарнамоӣ мекунанд. Ин ба ман  як имконест, ки собит кунам, размикорони тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ рақобатпазир мебошанд. Барои чунин имкон аз менеҷери худ миннатдорам, зеро мо муддати тӯлонӣ ба ин самт равона будем”, – иброз доштааст ин размикори тоҷик.

Маҳдӣ Шаммас, менеҷери размикор аст, ки инчунин аз манфиатҳои Ҳамзат Чимаев намояндугаӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин роҳбарии маркази маъруфи машқу тамрини "Allstars Training Cente"r-ро дар Шветсия бар дӯш дорад, ки бисёре аз размикорони маъруфи Аврупо дар он омодагӣ мегиранд.

Қобили зикр аст, ки Фаридун Шоҳназаров бо лақаби “Honey Badger” моҳи ноябри соли 2023 ба ҳунарнамоии касбии худ оғоз кард.

Сарфи назар аз роҳи кӯтоҳ дар ҳунарнамоии касбӣ, ӯ аллакай дар якчанд промоушенҳо – аз "AFC" то "Vendetta Fight Nights" муваффақона рақобат карда, бидуни ягон бохт пайиҳам чор ғалаба ба даст овард. Дар ҳар кадоме аз рақобатҳо ӯ маҳорату малака ва тактикаи хуб нишон дод.    

Дастовардҳои ахири ӯ: 22 феврали соли 2025 – пирӯзӣ бар Антонио Маркос Суза (VFN 43), 11 июли соли 2024 – ғалаба бар Радик Валиев (Ares 23), 9 марти соли 2024 – ғалаба бар Илёс Гадоев (We Love MMA 70).

Акнун дар промоушени маъруфи PFL Фаридун ба арсаи байнулмилалӣ қадам гузошта, бо размикорони машҳури вазни сабук дар як саф қарор мегирад. Ин мисоли ӯ метавонад размикорони ҷавон аз Тоҷикистонро рӯҳбаланд намуда, таҷассумгари он аст, ки дастӯёбӣ ба ҳунарнамоӣ дар октагони сатҳи ҷаҳонӣ имконпазир мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.