Ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои рушди зерсохтори обу иқлим $29,2 млрд лозим аст

Аз соли 2025 то 2030 ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои маблағгузорӣ ба зерсохтори марбут ба об ва иқлим 29,2 млрд доллар лозим аст. Ин нукта дар таҳқиқоти Бонки авруосиёии рушд (БАОР) бо номи “Таъминот бо оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар Осиёи Марказӣ” зикр мешавад. То имрӯз аз ҳаҷми умумии 29,2 млрд доллар, маблағгузории ҳамагӣ […]

Asia-Plus

Аз соли 2025 то 2030 ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои маблағгузорӣ ба зерсохтори марбут ба об ва иқлим 29,2 млрд доллар лозим аст. Ин нукта дар таҳқиқоти Бонки авруосиёии рушд (БАОР) бо номи “Таъминот бо оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар Осиёи Марказӣ” зикр мешавад.

То имрӯз аз ҳаҷми умумии 29,2 млрд доллар, маблағгузории ҳамагӣ 12,68 млрд доллар пешбинӣ шудааст, ки ҳудуди 41,3% аз маблағи заруриро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ҳаҷми сармоягузорӣ, Ӯзбекистон пешсаф буда, Туркманистон ва Қазоқистон баъди он қарор доранд.

Сармоягузориҳо бештар ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон рост меоянд, ки талаботи онҳо дар як сол ба зиёда аз 800 млн доллар баробар аст. Барои Тоҷикистону Қирғизистон ва Туркманистон низ сармоягузориҳои назаррас, бахусус дар сурати ба инобат гирифтани хавфу хатарҳои дарозмуҳлати вобаста ба иқлим лозим аст,.

Талаботи умумӣ дар маблағгузорӣ (солҳои 2025–2030):

 

Маблағҳои пешбинишуда (солҳои 2025–2030):

 

Маблағи зарурӣ барои таъмиру навсозии зерсохтори таъминот бо об:   

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.